ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Маросими қуръакашии марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё имрӯз дар пойтахти Узбакистон баргузор мешавад. Тибқи иттилои ФФТ, қуръакашӣ соати 18:00 шуруъ хоҳад шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо имтизёҳои бадастовардааш дар баробари дастаҳои Қатар, Урдун ва Арабистони Саудӣ дар сабади чаҳорум ҷой гирифтааст. Дастаҳое, ки дар як сабад ҷой гирифтаанд, дар сабқати гуруҳӣ бо ҳам рақобат намекунанд.
Ҳайати пурраи сабадҳо ба тариқи зайл аст:
Сабади 1: Узбакистон, Ҷопон, Эрон ва Тайланд.
Сабади 2: Австралия, Лубнон, Ветнам ва Ироқ.
Сабади 3: Қирғизистон, Тайван, Молайзия ва Чин.
Сабади 4: Тоҷикистон, Қатар, Урдун ва Арабистони Саудӣ.
Марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё-2016, ки дар пойтахти Узбакистон баргузор мешавад, 14 даври ин сабқат ба шумор меравад. Футзалбозони тоҷик қаблан дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё- 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012 ва 2014 иштирок карда буданд.
Онҳо аз ҳама беҳтар дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё — 2007 бозӣ карда буданд, ки ба марҳалаи чаҳорякфиналӣ роҳ ёфта буданд.