ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тайи соли нави таълимӣ тамриноти муштараки низомӣ бо ширкати пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, майдони ҳавоии "Кант", сарбозону афсарони артишҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст, изҳор дошт фармондеҳи неруҳои ОНМ генерал-полковник Владимир Заруднитский.
"Дар соли нави таҳсилоти низоми неруҳои муштарак ҷамъан дар чаҳор давраи таълимӣ ширкат хоҳанд дошт",- илова кард фармондеҳ дар ҷаласаи шӯрои низомии Округ.
Сухан дар мавриди тамринот дар ҳошияи СПАД: "Бародарии халалнопазир-2016" (бо ширкати неруҳои низомии паймони мазкур), "Марз-2016" (бо ҳузури неруҳои вокуниши сареъи СПАД (КСОР)-и кишварҳои Осиёи Марказӣ) ва "Ҳамкорӣ-2016" (тамриноти фармондеҳӣ-ситодӣ) меравад.
Ҳамзамон, дар тамриноти таълимӣ таҳти унвони "Рисолати сулҳомез-2016" ширкати қисмҳои марбути Қуваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар аст.
Пойгоҳи низомии 201-уми ФР бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар хориҷ аз он кишвар маҳсуб меёбад. Ҷузву томҳои он дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Моҳи сентябри соли равон иқтидори пойгоҳ бо ҳузури чархболҳои низомӣ дар фурудгоҳи Айнӣ, 30 километрии Душанбе тақвият ёфт. Бар пояи тавофуқномаи дуҷонибаи ФР ва ҶТ аз соли 2012, пойгоҳи 201-ум то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ мемонад.