Пойгоҳи 201-ум “ҷанг”-ро дар доманакуҳҳои Тоҷикистон шуруъ кард

© Sputnik / РатушенкоМашқҳои низомӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар се машқгоҳи низомии Тоҷикистон воқеъ дар доманакуҳҳо омӯзишҳои назоратӣ бо ҷалби техникаҳои ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия баргузор мешавад. Ин тамрини низомӣ то 25 сентябр идома хоҳад ёфт.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия омӯзиши назоратии худро дар се тамрингоҳи ҳарбии Тоҷикистон — Сумбула, Лоҳур ва Мумирак оғоз карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Округи низомии маркази Вазорати дифои Русия.

Тирандозони пойгоҳи 201 дар кӯҳистон гурӯҳи ҷиноиро "маҳв" карданд

"Дар ин тамрин сарбозон малакаи мудофиа, ҳамла, назорати оташи тӯпхона ва анҷоми ҳаракатҳои манёвриро хоҳанд омӯхт", — афзудааст манбаъ.

Омӯзиши назоратии сарбозони рус то 25 сентябр идома меёбад. 

Пойгоҳи 201, ки дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбеи Тоҷикистон мустақар аст, калонтарин воҳиди низомии Русия дар хориҷи ин кишвар арзёбӣ шуда, беш аз 7 ҳазор нафарро фаро мегирад. Соли 2013 раҳбарони Тоҷикистону Русия зери созишномае имзо гузоштанд, ки муҳлати будубоши ин пойгоҳ дар хоки кишварро то соли 2042 тамдид кард.

Лентаи хабарҳо
0