ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Гумонбарони ҳамла ба руҳонӣ Қодир Маликов дар Туркия боздошт шудаанд, менависад бахши қирғизии Sputnik бо истинод ба ВКД.
"Тилек Алтбек уғлуу ва Ирискул Бейшеналиевро дар шаҳри Ғазнитеппа дастгир кардаанд. Онҳо узви созмони байналмилалии террористии "Давлати исломӣ" мебошанд"- афзудааст манбаъ.
Тавре ВКД хабар дода буд, рӯзи панҷшанбе руҳонии қирғиз мавриди ҳамлаи ду нафари номаълум дар маҳалли "Асанбой" қарор гирифта, дар ноҳияи гардан ва рӯйи ӯ захми корд вуҷуд дорад.
Ҳамлагарон он замон савори мошини рангаш сиёҳи BMW, рақами давлатиаш S 72 70 V шуда, ба ҷойи номаълум паноҳ бурданд. Дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи "авбошӣ" боз гардид, ки баъдан ба он моддаи "қасди куштор" ҳам зам шуд.