ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Шатранҷбози саршиноси тоҷик Фаррух Амонатов тоҷик мусобиқаи байналмилалии Ҷоми шоҳмоти Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо дарёфти 7,5 имтиёз аз 9 бозӣ сазовори ҷойи дуюм гардид, иттилоъ доданд ба Sputnik дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайҳии кишвар.
Ба қавли манбаъ, дар ин сабқат шоҳмотбози қазоқ Ринат Ҷумъабоев ҷойи аввалро соҳиб шуд. Миқдори холҳои бадастовардаи Ринат ва Фаррух баробаранд, вале шоҳмотбози қазоқ дар қиёс ба Фаррух Амонатов пирӯзии бештар дошт.
Бо дарназардошти ҳамин имтиёзҳо Ҷумъабоев дар мақоми аввал қарор гирифт. Фаррух Амонатов бошад, барои ишғоли ҷойи дуввум соҳиби 3 ҳазор доллари ИМА гардид.
Тибқи иттилоъи расонаҳо, Ринат Ҷумъабоев дар мусобиқоти Осиёии Алмаато танҳо бо ду шоҳмотбоз (Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон ва Ҷаҳонгир Воҳидов аз Ӯзбакистон) вохӯрд ва бозиро бо Амонатов бохта, бо Воҳидов дуранг анҷом дод.
Мақоми саввумро бо 7,5 имтиёз, вале 5 ғалаба шантранҷбози қазоқистонӣ Петр Костенко ба даст овардааст.
Маврид ба ёдоварист, ки дар мусобиқоти Ҷоми Осиёи Марказӣ Фаррух Амонатов аз 9 бозӣ ягон бохт надошт.
Фаррух Амонатови тоҷик, ягона устоди сатҳи байналмилалӣ ва ягона шатранҷбози тоҷик аст, ки унвони гроссмейстер дорад. Ӯ 37-сола буда, алъон дар симмати мураббии тими бачагонаи шоҳмоти Федератсияи Русия ифои вазифа мекунад.