ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар ҳамаи панҷ бозии мусобиқаи Ҷоми Осиёи Марказӣ, ки дар Алмаато идома дорад, баранда шуда, алъон бо панҷ имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад, иброз дошт дабири кулли Федератсияи шоҳмотбозони ҶТ Илҳом Юнусов аснои суҳбат бо Sputnik.
"Асосан ду бозӣ- бозиҳои даври чоруму панҷум сангину ҳалкунанда буданд. Дар ин марҳала шатранҷбози тоҷик бо устодони дараҷаи байналмилалӣ- Ринат Ҷумъабоев (Қазоқистон) ва Марат Ҷумъаев (Ӯзбакистон) рақобат карда, дар ҳар ду бозӣ пирӯз шуд",- илова кард оқои Юнусов.
Ринат Ҷумъабоеви қазоқ дар раддабандии ФИДЕ бо касби 2599 имтиёз аз ҷумлаи беҳтарин шатранҷбозон маҳсуб мешавад.
Имрӯз устоди байналмилалии шатранҷ, варзишгари саршиноси тоҷик Фаррух Амонатов бо бузургустоди дигари ӯзбакистон Антон Филиппов, ки бо 4,5 имтиёз дар мақоми дуввуми ҷадвали мусобиқа қарор дорад, вориди рақобат мешавад.
Дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов гуфт, ду шатранҷбози дигари тоҷик- Алишер Каримов ва Надежда Антонова, ки ҳар ду муҳассили Донишгоҳи варзиши Маскав ҳастанд, ҳоло натиҷаи хубе ба даст наовардаанд, аммо дастоварди Амонатов олӣ буда, ба пирӯзияш умед бастан имкон дорад.
"Шатранҷбози мо ҳоло бо касби имтиёз ва пирузиҳои пай дар пай дар ҳолати хуби равонӣ қарор дорад ва бар илова ба ин, ӯ бо донаҳои сафед бозӣ мекунад, ки ин ҳам имконияташро барои пирӯзӣ бештар мекунад",- қайд кард вай.
Ин мусобиқаи пурнуфуз бо ширкати 76 шоҳмотбози маъруф аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон то 29 ноябр идома хоҳад кард.