ВАО-и Туркия: ба террористон-силоҳ, хабарнигорон- ба зиндон

© AP / Emrah GurelҶонибдорони Ҳизби Адолат ва Тараққиёт дар Туркия
Ҷонибдорони Ҳизби Адолат ва Тараққиёт дар Туркия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабаби боздошт ва ба ҳабс гирифтан нашри мақолае гардид, ки дар бораи қочоқи силоҳ ба Сурия нақл мекард. Дар он сухан дар бораи мошинҳои боркаши мутаалиқ ба Хадамоти кашшофии миллӣ (MIT) меравад, ки аз сӯи низомиён дар ноҳияи Адан мавриди тафтиш қарор гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ду журналист, ки дар бораи интиқоли махфиёнаи силоҳ аз ҷониби хадамоти махсуси Туркия ба ҷиҳодиёни Сурия иттилоъ дода буданд, бо иттиҳоми ҷосусӣ ба ҳабс гирифта шуданд, менависад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи Hurriyet.

Матлабе марбут ба қочоқи силоҳ аз Туркия ба Сурия дар моҳи майи соли равон дар рӯзномаи мухолифи ҳукумат Hurriyet ба нашр расида буд. Райисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Урдуғон пас аз чопи мақола ба додситонӣ муроҷиат намуда, талаб кард, ки дар қиболи нашрия ва сардабири он Ҷон Дундора парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шавад.

ВАО: дар марзи Туркия ва Сурия гурӯҳи шаҳрвандони ҶТ боздошт шудаанд

Рӯзи панҷшанбе Дундора ва роҳбари бахши нашрия дар Анқара Эрдем Гул ба ҳабс гирифта шуданд.

"Мо бо иттиҳоми ҷосусӣ муттаҳам мешавем. Президент гуфт, ки ин хиёнат ба давлат аст",- изҳор дошт Дундор, қабл аз баргузории мурофиаи додгоҳӣ.

Ҳодисае, ки дар мавриди он рӯзноманигорон ёд мекунанд, моҳи январи соли 2014 дар минтақаи Адан ба вуқӯъ пайваст. Он замон мошинҳои боркаши мутаалиқ ба Хадамоти кашшофии миллӣ (MIT)-ро низомиён мавриди тафтиш қарор доданд.

Ба фарзияи мақомоти туркӣ боркашҳо барои туркманҳои Сурия маводи гуманитарӣ мебурданд, аммо ВАО навишт, ки дар бордони мошинҳо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ барои ҷангиёни "Давлати исломӣ" мавҷуд буд.

Лентаи хабарҳо
0