ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Маъмурони амниятии Туркия 25 хориҷиро, ки миёни онҳо тоҷикистониён низ ҳастанд ва мехостанд, ба Сурия бираванд, дастгир кардаанд, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста бо истинод ба нашрияи "Миллият".
Дар вебсайти "Миллият" омодааст, ки ин 25 нафар шоми 12-уми июл дар вокзали байнишаҳрии автобусҳои Ғозиёнтап дар наздикии сарҳади Туркия дастгир шуданд ва теъдоде аз онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ мебурданд. Ҳангоми бозпурсӣ баъзе дар баёноташон навиштаанд, ки барои муҳоҷират ба Сурия мераванд ва теъдоди дигар гуфтаанд, бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамақида ҳастанд ва мехостанд, барои "ҷиҳод" дар Сурия ба сафи ин гурӯҳ бипайванданд.
Нашрия менависад, кулли шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар сарҳади Сурия дастгир гардидаанд, баъди тафтиши махсус ба ватанашон истирдод мешаванд.
Бино ба маълумоти мақомоти қудратии Тоҷикистон то кунун бештар аз 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ховари Миёна рафтаанд ва аксари онҳо бо ҷангиёни Сурия пайвастаанд.