Ойлин, шаҳрванди шашмиллионуми Қирғизистон дар Ӯш ба дунё омад

© Sputnik / Александр ПаниотовТифли навзод дар дасти модар
Тифли навзод дар дасти модар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи раҳбари хонавода, номи ин кӯдакро модараш гузоштааст. Ҳоло хонаводаи Ойлин соҳиби 6 фарзанд, се писару се духтар шуданд. Фарзанди бузурги хонавода 18 сол дорад.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Шаҳрванди 6 миллионуми Қирғизистон фарзанди 6-уми хонавода шуда, ӯро Ойлин ном гузоштаанд, гуфтааст падараш Алмос Кожонев хидматчии Гвардияи милии ин кишвар дар суҳбат бо бахши қирғизии Sputnik.

Ин духтарак шоми 26 ноябр тахминан соатҳои 18:12 дақиқа дар шаҳри Ӯш ба дунё омада, 3 килову 870 грам вазн дорад. Падараш Алмос ва модараш Роҳат Белекова ном доранд.

Ба гуфтаи раҳбари хонавода, номи ин кӯдакро модараш гузоштааст. Ҳоло хонаводаи Ойлин соҳиби 6 фарзанд, се писару се духтар шуданд. Фарзанди бузурги хонавода 18 сол дорад.

Алмосбек Отамбоев. - Sputnik Тоҷикистон
Отамбоев исми шаҳрванди 6 миллионуми кишварашро эълон мекунад

Ҷаноби Кожошев инчунин қайд кард, ки аз хабарнигори Sputnik фаҳмидааст, бо дастури президент ба онҳо хона медиҳанд. То ин дам онҳо дар шаҳри Ӯш дар манзили хонаводагӣ ба сар мебурданд.

"Бисёр хурсанд шудам, раҳмат ба президент. Албатта, ин бароям ғайричашмдошт аст",- афзудааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдории Бишкек хабар додаанд, ки бахшида ба таваллуди кӯдаки 6 миллионум дар майдони "Ала-Тоо" консерти идона баргузор хоҳад шуд. Оғози ин барномаи консертӣ соати 18:00-и шоми 26 ноябр ба вақти маҳаллӣ гуфта шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, аз соати 18:00 то соати 06:00- субҳи 26 ноябр ситоди ҷамъоварии маълумот дар бораи тифлҳои навзод кор кардааст.

Ин ситод аз ҳисоби намояндагони ҳукумат, Кумитаи омор ва Вазорати тандурустӣ ташкил карда шудааст. Онҳо маълумот дар бораи тамоми кӯдакони навзодро гирдоварӣ карда, барои муайян кардани 6 миллионум шаҳрванди Қирғизистон ба комиссияи ҳукуматӣ супорида шуд.

Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, дар давоми як соат дар ин кишвар аз 10 то 18 тифл ба дунё меояд.

Шумори аҳолии Тоҷикистон кайҳо аз марзи 8 миллион нафарӣ убур кардааст. Кӯдаки 8 миллионуми тоҷик 5 феврали соли 2013 ба дунё омада буд.

Шаҳрванди 8 миллионуми Тоҷикистон ҳам духтар буда, дар хонаводаи Раҳмоновҳо дар кӯчаи Ҳисори пойтахт ба дунё омад.

Аз номи раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин хонавода калиди хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим гардид.

Лентаи хабарҳо
0