ВКД: дар бозори пойтахт занҳо ҷайби муштариёнро холӣ мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевБозори "Корвон". Акс аз бойгонӣ
Бозори Корвон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоло дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Се зан ба иттиҳоми дуздӣ дар ҳудуди бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе аз сӯи кормандони милитсия боздошт шудааст, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Санҷиши рубл. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти таққалубкор бо 95 ҳазор рубл дар шимоли кишвар

"Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18 ноябри соли равон дар бозори "Корвон" шасхони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳамёнашро дуздидаанд", — омадааст дар иттилоияи ВКД.

Ба гуфтаи ин сокини шаҳри Душанбе, дар дохили ҳамёни ӯ 600 доллари амрикоӣ, 500 сомонӣ ва 3 адад телефонҳои мобилӣ вуҷуд доштааст, ки маблағи умумии онҳо баробар ба 6 ҳазор сомонӣ мебошад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як духтари 19-сола, зани 33-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 29-сола, зодаи ноҳияи Б.Ғафуров ба гумони дуздии ҳамёни мазкур дастгир шудаанд.

Ҳоло дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0