ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Як сокини шаҳри Панҷакент бо иттиҳоми ба муомилот баровардани 95 ҳазор рубли қалбакии русӣ (наздик ба 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ) боздошт шудааст, менависад сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ин марди 26-сола 27 октябри соли равон пулҳои қалбакиро ба саррофии филиали "Амонатбонк" дар шаҳри Чкалов супоридааст.
"Тибқи маълумотномаи шӯъбаи ташхисӣ, асъори коғазии мазкур бе риоя кардани талаботи технологӣ тайёр карда шуда, қалбакӣ мебошанд", — меафзояд, манбаъ.
Ҳоло алайҳи ин сокини шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.