Барканории устоди Донишгоҳи Қӯрғонтеппа барои дашномдиҳӣ

© Sputnik / Артем ЖитеневТахтаи синф. Акс аз бойгонӣ
Тахтаи синф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Устоди Донишгоҳи Қурғонтеппа барои дашномҳои қабеҳ ба шогирдон аз вазифааш озод карда шуд.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва номзади илмҳои физикаю математика Саъдулло Ситамов, ки ахиран навори дашномдиҳияш дар назди шогирдон ба интернет роҳ ёфт, аз симматаш барканор шудааст, гуфт муовини ректор оид ба таълими ин донишгоҳ Қудратулло Абдураҳимов дар суҳбат бо Sputnik.

Навори марбут ба ин устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғо-теппа нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон ба интернет роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, Ситамов дар дохили синфхонаву назди шогирдони худ дашномҳои қабеҳ медиҳад. Тавре аз навор маълум аст, он соли гузашта сабт гардидааст.

Тахтаи синф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаримаи Султоншоев ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ

Дар пайи вокунишҳои шадиди ҷомеаи мадании тоҷик ба амалкарди ин устод дар назди шогирдон Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз раҳбарияти Донишгоҳи Қӯрғон-теппа хост, қазияро мавриди таҳқиқ қарор дода, дар робита ба ин масъала чораандешӣ намояд.

Ин бори аввал нест, ки номи устоди тоҷик барои дашном додан ё латтукӯби шогирдонаш сархати расонаҳои хабарӣ қарор мегирад. қаблан навори дигаре ҳам ба интернет роҳ ёфта буд, ки дар он дида мешуд, муаллим шогирди худро "гӯшмолӣ" менамояд.

Баъдан аз ин муаллим Асламшо Султоншоев ном бурда шуда, маълум гардид, ки ин ҳодиса моҳи апрели соли равон рух додааст. Дар робита ба ин масъала парванда боз шуда, Султоншоев ба додгоҳ эҳзор шуд ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин омӯзгори риёзии Мактаб-интернати ҷуҳуриявӣ барои латукӯби шогирдаш Муҳаммадҷон Сулаймонов 10 ҳазор сомонӣ ҷарима гардид.

Ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, моддаи 174 (иҷро накардани ўҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ) ва моддаи 316 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) айбдор шуд.

Лентаи хабарҳо
0