Ҷаримаи Султоншоев ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ

© Sputnik / Артем ЖитеневТахтаи синф. Акс аз бойгонӣ
Тахтаи синф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Асламшо Султоншоев омӯзгори фанни риёзӣ ба маблағи 10 ҳазор смонӣ ҷарима шуд.

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Асламшо Султоншоев омӯзгори риёзии Мактаб-интернати ҷуҳуриявиро барои латукӯби шогирдаш Муҳаммадҷон Сулаймонов 10 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд.

Додгоҳи ноҳияи Сино Султоншоевро аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ-моддаи 174 —иҷро накардани ўҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ ва моддаи 316 — баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ айбдор намуда буд.

Имтиҳонсупорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Оғози баррасии парвандаи омӯзгори фанни риёзӣ Султоншоев

Бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла собиқаи хубу пушаймонияш аз кори карда, додгоҳ фаъолияти омӯзгории ӯро манъ накарда танҳо ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ муваззаф кардааст.

Исми ин муаллим баъди нашри як навори 15 сониягӣ дар интернет дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Навор пинҳонӣ аз ҷониби яке аз шогирдҳо дар телефони мобилӣ сабт шудааст, ки устод бо изҳори нороҳатӣ аз дермонии талаба ба рӯи шогирдаш шаппотӣ мезанад.

Дар ҳамин ҳол, волидони Муҳаммадҷон Сулаймонов дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтанд, ки алайҳи устоди фарзандашон даъвое надоранд, зеро баъди "сахтгирӣ"-ҳои устод рафтори фарзандашон хеле хуб шудааст.

Навори мазкур рӯзи 9 октябр ба интернет роҳ ёфт, вале худи қазия 17-уми апрели соли равон сурат гирифтааст.

 

Лентаи хабарҳо
0