Колоколтсев: Русия ва Тоҷикистон якҷоя бо терроризм мубориза мебаранд

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкВазири умури дохилаи ФР Владимир Колоколтсев. Акс аз бойгонӣ
Вазири умури дохилаи ФР Владимир Колоколтсев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамкории муштараки мақомоти қудратии Русия ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое амсоли терроризм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир мусоидат мекунад.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Неруҳои интизомии Тоҷикистону Русия дар бахши пешгирӣ аз ҷиноёти марбут ба ҳаросафканӣ, муомилоти ғайримуҷози нашъа ва терроризм ҳамкории танготанг доранд, изҳор дошт вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев.

Ин ҳарфҳоро ӯ дар ҷаласаи муштараки вазороти корҳои дохилии ду кишвар, ки дар Маскав баргузор гардид, иброз дошт.

Даромадгоҳи бинои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тақозои додгоҳ аз ВКД Русия: шарҳи қазияи бозгашти ҷангии тоҷик

"Новобаста аз равандҳои мураккаби геополитикӣ, даргириҳои муддавом дар наздикии марзҳои мо, фаъолшавии гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ ва мушкилотҳои иқтисодӣ мақомоти қудратии ду кишвар ҳамкориҳояшонро тақвият бахшида, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд",- афзуд Колоколтсев.

Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки яке аз бахшҳои авлавиятдошта дар масири ҳамкориҳои дуҷониба муборизаи муштарак алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳсуб ёфта, сол то сол дастандаркорони он бештар боздошту муҷозот мешаванд.

Колоколтсев аз воридшавии маводҳои синтетикии нашъаовар низ ибрози нигаронӣ кард.

Ба қавли вазири умури дохилаи Русия, дар ҳоли ҳозир фаъолшавии ҳамкории ду мақомоти қудратӣ ба назар расида истодааст. Ҳамин тавр, кормандони умури дохилаи ФР соли гузашта дар маҷмӯъ аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 10 тонна маводи мухаддир мусодира карданд. Тайи 9 моҳи соли равон бошад, ин рақам муодили 7 тонна арзёбӣ мегардад.

Дар чорчӯби ҳамоиши муштарак роҳҳои мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи нашъа баррасӣ гардида, ба сатҳи ҳамкории илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва бозомӯзии кормандон дахл карда шуд.  

Лентаи хабарҳо
0