Футбол: Тоҷикистон бо Австралия дар Аделаида бозӣ мекунад

© Sputnik / Табылды КадырбековЛапҳзае аз бозии футболи мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Лапҳзае аз бозии футболи мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду бозии охиринро мунтахаби Тоҷикистон соли оянда бо тими миллии Австралия 24 март дар меҳмонӣ ва бо дастаи Қирғизистон 29 март дар Душанбе анҷом медиҳад.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи  Австралия бо тими миллии Тоҷикистон 24 марти соли оянда дар шаҳри Аделаида бозӣ мекунад, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба қавли сарчашмаи хабар, бозии даври нӯҳуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В" байни дастаҳои мунтахаби футболи Австралия ва Тоҷикистон 24 марти соли оянда дар шаҳри Аделаида (Австралияи ҷанубӣ) баргузор мешавад.

Ҷоми ҷаҳон-2018: мунтахаби Тоҷикистон шонс дорад, аммо бо мушкилӣ

Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Аделаида-Овал», ки дорои 53 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, баргузор хоҳад шуд.

Маврид ба ёдоварист, баъди натиҷагирии даври ҳаштуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Тими милии Австралия новобаста аз натоиҷи ду бозии охиринаш дар майдони худ бо дастаҳои Тоҷикистону Урдун пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфтааст. Барои роҳхати дувум аз гурӯҳи "В" мунтахаби Урдун муддаии аслист. Ба футболбозони Урдун дар ду бозии боқимонда дар майдони худ бо Бангладеш ва дар меҳмонӣ бо Австралия як пирӯзӣ ба даст оврдан кофист.

Лентаи хабарҳо
0