Урдуғон: мо баъдтар фаҳмидем, ки ҳавопаймои Русияро сарнагун сохтем

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкУрдуғон. Акс аз бойгонӣ
Урдуғон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Урдуғон, ду ҳавопаймои низомӣ ҳарими ҳавоии Туркияро нақз кардаанд ва яке берун рафта, дигарӣ сарнагун карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Анқара баъд аз таъйиди Вазорати дифои Русия фаҳмид, ки ҳавопаймои сарнагункардаи нерӯҳои ҳавоии Туркия ба Маскав таалуқ дорад, гуфтааст раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Таййиб Урдуғон дар Конгресси байналмилалии иқтисоди исломӣ дар шаҳри Истамбул.

"Ба Русия тааллуқ доштани ҳавопаймо баъд аз он маълум шуд, ки мақомоти ин кишвар дар ин бора ибрози назар карданд", — изҳор доштааст Урдуғон.

Зарбазани Су-24. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКХ: Русия аз НАТО дар қазияи Су-24 воқеънигариро интизор нест

Ба гуфтаи Урдуғон, ду ҳавопаймои низомӣ ҳарими ҳавоии Туркияро нақз кардаанд ва яке берун рафта, дигарӣ сарнагун карда шудааст.

"Дирӯз ду ҳавопаймои низомии ношинос ҳарими ҳавоии кишвари моро дар вилояти Ҳатай нақз карданд ва дар давоми 5 дақиқа низомиёни мо ба онҳо 10 бор огоҳӣ доданд. Сипас аз яке аз ин ҳавопаймоҳо ҳамрими ҳавоии Туркияро тарк карда, дуюмӣ ҳамоно ба кори худ идома дод, ки дар натиҷаи зарбазани F-16-и мо, ки сарҳадро назорат мекард, ҷониби он оташ кушод", — илова кардааст раисҷумҳури Туркия.

Дар ҳамин ҳол вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки қазияи сарнагуни Су-24 ба ҳангомаи тарҳрезӣшуда монандӣ дорад.
Рӯзи сешанбе ҳавопаймои Су-24 дар хоки Сурия суқут кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ин ҳавопаймо тавассути зарбазани "F-16"-и марбут ба неруҳои Туркия дар қаламрави Сурия сарнагун карда шудааст. Ҷаноби Путин ин қазияро ҳамчун "задани ханҷар аз пушт" аз ҷониби шарикони террористҳо хонд.

Лентаи хабарҳо
0