ВКХ: Русия аз НАТО дар қазияи Су-24 воқеънигариро интизор нест

© Sputnik / Скрынников / Гузариш ба медиабонкЗарбазани Су-24. Акс аз бойгонӣ
Зарбазани Су-24. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Рябков, дар ин гуна вазъиятҳо бояд як қатор иқдомҳоро рӯи даст гирифту неруҳои худро бо таҷҳизоте таъмин кард, ки ҳолатҳои ба ин монанд хешро ҳимоят карда тавонанад.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Русия интизори воқеъбинона назар кардани НАТО ба қазияи сарнагун шудани ҳавопаймои Су-24 тавассути неруҳои турк намебошад ва маълум аст, ки созмон дидаю дониста аз мавқеи Анқара ҳимоят хоҳад кард, гуфт муовини Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Сергей Рябков.

"Вазъ хеле нигаронкунанда аст ва ман фикр намекунам, аз ҳамкорони мо дар НАТО метавон, воқеънигариро интизор шуд, чун онҳо огоҳона аз Туркия ҷонибдорӣ менамоянд", — изҳор доштааст Рябков дар суҳбат бо рӯзноманигорон.

Рамзи НАТО дар Брюссел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи изтирории НАТО дар робита ба суқути Су-24-и Русия

Туркия ҳоло дар тамоми ҷо фарзияеро паҳн менамояд, ки гӯиё неруҳои ҳавоии ин кишвар халабонҳои ҳавопаймои моро борҳо огоҳ карда, ҳушдор ҳам додаанд", — изофа намудааст ӯ ва низ қайд кардааст, ки "қаблан Туркия гуфта буд, ки ҳавопаймои сарнагункардаи онҳо номушаххас буда, ба кадом кишвар тааллуқ доштани он ҳам маълум нест".

Ба гуфтаи Рябков, дар ин гуна вазъиятҳо бояд як қатор иқдомҳоро рӯи даст гирифту неруҳои худро бо таҷҳизоте таъмин кард, ки ҳолатҳои ба ин монанд хешро ҳимоят карда тавонанад.

Рӯзи сешанбе ҳавопаймои Су-24 дар хоки Сурия суқут кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ин ҳавопаймо тавассути зарбазани "F-16"-и марбут ба неруҳои Туркия дар қаламрави Сурия сарнагун карда шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0