ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Сокинони Душанбе аз шунидани хабари тахриби сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон дар маркази пойтахт нигаронанд.
"Инҷо ҳатман дасти Ғарб дида мешавад, чун онҳо талош доранд, дар маҳдудаи пасошӯравӣ ҳеч нишоне аз Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ намонад. Албатта, ин комилан нодуруст аст. Зеро таърихро намешавад, "бозсозӣ" кард. Бо таъсиси ҶШС Тоҷикистон таърихи Тоҷикистони муосир ҳамчун давлати мустақил оғоз меёбад ва ин сутуни ёдгорӣ ҳам бахшида ба 20-солагии таъсисёбии ҷумҳурии ҷавони мо қомат афрохта буд. Барои чӣ набошад аз дастовардҳои кишвар дар даврони шӯравӣ, аз қабили адабиёти бойи он замон пурра даст намекашанд?", — мегӯяд сокини шаҳри Душанбе Хуршед Салимов дар шарҳи ин хабар.
Тавре масъулини шаҳрдории Душанбе изҳор медоранд, ин сутун бар асоси нақшаи генералии пойтахти Тоҷикистон тахриб карда мешавад. "Мо дар вуҷуди ин ҳеч заруратеро намебинем, чун соли 2011 дар шаҳр, наздикии майдони "Дӯстӣ" сутун бо нишони миллии кишвар қомат афрохтааст", — меафзояд манбаи мо дар шаҳрдорӣ.
Қаблан масъулини Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфта буданд, ки то ҳол сутун бо нишони Тоҷикистони шӯравиро дар маркази Душанбе ҳамчун ёдгории меъмории замони шӯравӣ нигоҳ доштаанд. Онҳо 15 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтанд, феълан Тоҷикистони соҳибистиқлол нишони худро дорад ва нишони замони шӯравӣ ҳамчун ёдгории таърихӣ боқӣ мондааст: "Ин герб хусусияти хоси меъмории замони шӯравиро дорад ва як гӯшаи таърихӣ аст".
Баландии сутуни нишони нави Тоҷикистон 45 метр буда, деаметри худи нишон бошад 5 метрро ташкил медиҳад.