Бозтоби ҳолномаи Назарзода дар расонаҳо: аз “сникерсхӯр” то генерал

© SputnikИзҳороте, ки дар шабакаи Facebook аз номи Абдуҳалима Назарзода нашр шудааст
Изҳороте, ки дар шабакаи Facebook аз номи Абдуҳалима Назарзода нашр шудааст - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳорати пешбурди музокирот боис шуд, ки ӯ дар марҳалаи аввал фармондеҳони аз интисоби вай норозии мухолифинро ба худ моил ва ҳатто дӯст кунад. Ҳамин маҳорат буд, ки ба фарқ аз намояндагони дигари мухолифин, ки пушти ҳам ибтидо барканор ва ба дунбол ё зиндонӣ ё кушта шуданд, вай то зинаи муовини вазири дифоъ сабзид.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, аз ҷумлаи ангуштшумор намояндагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд, ки тавонист мақому мавқеъи  худро то соли 2015 дар ҳукумат ҳифз кунад, менависад Радиои Озодӣ.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ аз сомонаи вазорати дифоъ, Назаров Ҳалим Мирзоевич (Ҳоҷӣ Ҳалим)  соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаводаи коргар ба дунё омада, дар кӯчаи Қаротегин дар як канори шарқии шаҳри Душанбе ба воя расидааст. Дар давраи Шӯравӣ Абдуҳалим Назарзода ду сол дар корхонаи нассоҷӣ ва баъди адои хидмати ҳарбӣ ду соли дигар дар ширкати мавсум ба "Курортстрой" кор карда, аз соли 1986 мудири анбори "Межоблагропром" будааст.

ВАО: Назарзода мегӯяд, ҳамлаҳо кори ӯ нест

Нахустин маълумоти олии Абдуҳалим Назарзода — дипломи Академияи низомии Ситоди кулли артиши Русия — аз соли 2007 аст, ки ӯ алакай 43 сол дошт ва маълумоти дувуми олиаш — дипломи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон — аз соли 2009, ки Абдуҳалим Назарзода алакай ба синн 45 расида буд.

Радиои Озодӣ менависад, исми Абдуҳалим Назарзода бори аввал дар баҳори соли 1992, вақте матраҳ шуд, ки дар баробари ду майдони Шаҳидону Озодӣ гурӯҳе аз ҷавонон дар майдони наздиҳайкали Садриддин Айнӣ дар маҳаллаи "Садбарг"-и пойтахт "митинги ҷавонони Душанбе"-ро ба роҳ андохтанд. Маҳз пайвастани аҳли ин гирдиҳамоӣ ба майдони Шаҳидон дар моҳи майи соли 1992 таносуби нирӯҳоро ба нафъи майдони Шаҳидон гардонд.

"Баъди пирӯзии майдони Шаҳидон Абдуҳалим Назарзода дар қатори онҳое, ки дар пирӯзии аҳли ин майдон саҳм доштанд, сафари Ҳаҷ кард ва аз он ба баъд бо номи "Ҳоҷӣ Ҳалим" маъруф шуд",- меафзояд манбаъ.

Ҳамсафони собиқаш мегӯянд, Ҳоҷӣ Ҳалим дар рӯёрӯиҳои соли 1992 дар водии Вахш ва сипас дар ҷараёни мудофиаи Душанбе аз ҷангиёни Фронти халқӣ фармондеҳи гурӯҳеро бар ӯҳда дошт, ки асосан ҷангиёни зодаи кӯчаи Қаротегин ва маҳаллаҳои атрофи онро муттаҳид мекард. Ба нақли як размандаи собиқи мухолифин, "Ҳоҷӣ Ҳалим худ шикорчӣ буд ва дар ҷангҳои соли 1992 бо як камони шикорӣ ҷанг мекард. Чун хеле мерган буд, зуд нуфуз пайдо кард ва ба истилоҳи он замон "қумандон" шуд."

Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро ба иди саиди Фитр табрик кард - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: шахсони гунаҳкор ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯянд

Аммо дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Ҳоҷӣ Ҳалим ба фарқ аз фармондеҳони дигари мухолифин ба ҷанг идома надод, балки ба Қазоқистон фирор кард ва то соли 1997 онҷо ба тиҷорат машғул буд. Ӯ соли 1997, баъди имзои созишномаи сулҳ ба Душанбе баргашт.

"Роҳбари Комиссиюни оштии миллӣ ба дунбол фармондеҳии баталйони 25-умро, ки мебоист аз ҳисоби ҷангиёни мухолифин ташкил мешуд, ба Ҳоҷӣ Ҳалим супурд ва ба вай якбора унвони полковник доданд",- омадааст дар хабари сарчашма.

 Аз фармондеҳии баталйон то мақоми муовини вазири дифоъ

Ин интисоб вокуниши манфии фармондеҳони дигари мухолифинро ба бор овард. Онҳо мегуфтанд, раҳбарони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба хотири манфиати молӣ нақши онҳоеро, ки дар ҷабҳаҳо хун рехтанд, нодида гирифтанд ва баталйони 25-умро ба нафаре доданд, ки тайи 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар хориҷ "сникерс" хӯрда мегашт, менависад ОИ Tojnews.

Ҳоҷӣ Ҳалим бо он ки маълумоти низомӣ ва таҷрибаи зиёди ҷанг надошт, ба гуфтаи дӯстонаш, аз маҳорати пешбурди музокира ва мутақоид сохтани ҷонибҳои муқобил бархӯрдор буд. Ҳамин маҳорат боис шуд, ки ӯ дар марҳалаи аввал фармондеҳони аз интисоби вай норозии мухолифинро ба худ моил ва ҳатто дӯст кунад.

"Ҳамин маҳорат буд, ки ба фарқ аз намояндагони дигари мухолифин, ки пушти ҳам ибтидо барканор ва ба дунбол ё зиндонӣ ё кушта шуданд, Ҳоҷӣ Ҳалим тавонист то соли 2015 худро дар ҳукумат ҳифз кунад ва ҳатто соҳиби мансабҳои баландтар шавад",- навиштааст Радиои Озодӣ дар такя ба суханони дӯстони ӯ.

Баталйони 25, ки дар вазорати дифоъ ҳамчун қисми низомии 31001 сабт шуда буд, бо хатми низоъҳои мусаллаҳона ва ором шудани вазъ барҳам хӯрд, вале Абдуҳалим Назарзода дар вазорати дифоъ монд. Ӯ дар ин миён дар соли 2007 Академияи низомии Ситоди кулли артиши Русия ба номи Михаил Фрунзеро хатм кард, чандин сол раҳбарии раёсати амнияти дохилӣ (СБ)-и вазорати мудофиаро бар ӯҳда дошт, соҳиби унвони генерал-майор шуд ва дар моҳи январи соли 2014, баъди бознишаста шудани намояндаи дигари мухолифин Ғайрат Адҳамов муовини вазири дифои Тоҷикистон таъин шуд.

Акси Абдуҳалим Назарзода дар сомонаи Вазорати дифоъи Тоҷикистон. Расм аз экрани роёна - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: ҳалокати боз 4 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва боздошти 7 тани дигар

Аммо ҳаводиси рӯзи 4 сентябр ба ҳамаи ин равнақи ҳам тиҷорату ҳам карйераи ин генерали 51-сола нуқта гузошт. Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар Душанбе Вазорати корҳои дохилӣ масъулияти раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши Ҳоҷӣ Ҳалим бор кард ва гуфт, ӯ бо ҷамъе аз силоҳбадастони дигар ба дараи Ромит фирор кардааст. Худи ҳамон рӯз бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Абдуҳалим Назарзода бо тавҷеҳи нодири "бинобар содир кардани ҷиноят" аз мақоми муовини вазири дифоъ барканор карда шуд.

Дар гузоришҳои вазорати корҳои дохила Абдуҳалим Назарзода узви ҳизби  наҳзати исломӣ муаррифӣ мешавад, вале ин ҳизб, ки дар рӯбарӯи хатари басташавӣ қарор дорад, мегӯяд, Назарзода баракс аз ҷумлаи 12 фармондеҳи собиқи мухолифин буд, ки зери номаи дастаҷамъӣ бо талаби бастани ин ҳизбро имзо карда буд.

Лентаи хабарҳо
0