Раҳмон: дар соҳаи амнияти Тоҷикистон як қатор камбудҳо вуҷуд дорад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳукумат 5 августи соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳукумат 5 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амният ба раҳбарони ниҳодҳои қудратии кишвар дастур додааст, ки камбудҳо дар соҳаи амният ва суботро бартараф кунанд.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҳисоботи додситони кулли Тоҷикистон дар бораи сабаб ва омилҳои кӯшиши табаддулоти давлатии оғози моҳи сентябр аз ҷониби собиқ муовини вазири дифоъ генерали кушташуда Абдуҳалим Назарзода мавзӯи меҳварии ҷаласаи навбатии Шӯрои амният ба шумор мерафт, хабар додааст Хадамоти матбуотии президенти кишвар субҳи сешанбе.

"Амалиёти зиддитеррористии рӯзҳои 4 — 16 сентябри соли ҷорӣ барзиди терористон як силсила камбуду норасоиҳоро дар самти амнияти кишвар ошкор сохт"- гуфтааст раисҷумҳур.

Шӯрои амният бузургтарин ҳолатҳои коррупсиониро баррасӣ кард

Инчунин дар ҷаласа вазъи мубориза бо терроризму экстремизм ва тадбирҳои минбаъда дар самти таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва тақвияти суботу оромӣ дар кишвар баррасӣ шудааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои амният низ ҳисоботи вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро вазифадор кардааст, ки камбудҳои вуҷуддошта дар фаъолияти худро дар муҳлати кутоҳтарин бартараф кунанд.

Лентаи хабарҳо
0