ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар пайи як санҷиши Палатаи ҳисоб дар Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 15 миллион сомонӣ дар дастгоҳи марказии ин ниҳод зарари молиявӣ ошкор ва 10 миллион сомонии он буҷаи давлат баргардонида шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии президент.
Президент Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки фаъолияти молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи ҳисоб ҳар сол санҷида шавад.
Раиси Палатаи ҳисоб Дилмурод Давлатзода дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки 17 феврал баргузор шуд, гуфтааст, ин ниҳод дар ду соли ахир ниҳоди зери раҳбарии вай 340 санҷиш анҷом ва бештар аз 85 миллион сомониро ба буҷа баргардонида аст.
"Корҳои зиёд дар самти санҷиши лоиҳаи Буҷети давлатии кишвар, ки аз вазифаҳои асосии Палатаи ҳисоб ба шумор меравад, анҷом дода шудааст", — гуфтааст Давлатзода.
Ҳамчунин зимни ин ҷаласа, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдуфаттоҳи Ғоиб доир ба фаъолияти панҷсолаи ин сохтор ҳисобот дода, гуфтааст, дар ин муддат ба андозаи қариб 1 миллиард сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва наздики 600 миллион сомонӣ барқарор шудааст.
Раиси ҷумҳурӣ гуфтааст, тамоми маблағҳои зарари молиявии ошкоршуда бояд баргардонда шавад, "вале на ба ҳисоби бонкии ҳамон сохторҳо, балки ба Буҷети давлат".
Зимнан, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зикр кардааст, ки тайи 5 соли гузашта аз 11741 ҷинояти коррупсионии сабтшуда 4453 тоаш аз ҷониби мақомти корҳои дохилӣ ошкор шудаанд.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Маҳмадтоир Зокиров доир ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин, пеш аз ҳама барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳисобот додааст.
Зимни ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода аз ӯ доир ба 88 миллион сомонӣ зарари молиявӣ, ки тайи 5 сол дар ин соҳа ошкор шудааст, пурсида шуд. Тавре зикр гардид, 15 миллион сомонӣ зарар дар ин соҳа танҳо дар соли 2014 ошкор карда шудааст.
Дар ҳисоботи вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин соҳа 12 лоиҳаи инвеститсонӣ бо маблағи 892 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешаванд. Президент таъкид доштааст, ки рафти иҷрои ин лоиҳаҳо, истифодаи мақсадноки маблағҳо ва сифати корҳои сохтмонӣ таҳти назорати доимӣ бояд қарор дошта бошад.