Эрон ва Русия низоми интиқоли маболиғро содда карданд

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкЗарплата мигрантов. Архивное фото
Зарплата мигрантов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наҳваи соддашудаи интиқоли маболиғ миёни Эрону Русия имкон медиҳад, ки интиқоли пул дар ҳама сатҳҳо анҷом дода шавад.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Сафири Эрон дар Русия Меҳдӣ Саноӣ гуфтааст ҳамакнун интиқоли маболиғ дар ҳама сатҳ миёни Эрон ва Русия имконпазир шуд, хабар медиҳад "Синхуа" бо истинод ба Press TV.

Эрон ва Русия наҳваи интиқоли маболиғ миёни ду кишвар тавассути бахши умури арзҳои хориҷии бонки давлатии "Бонки милли Эрон" дар Теҳрон ва "Мир бизнес Банк"-и Москав содда карда ва ҳамакнун интиқоли маболиғ дар ҳама сатҳ имконпазир шудааст.

Дар ин бора сафири Эрон дар Русия Меҳдӣ Саноӣ дар дидор бо гурӯҳе аз тавлидгарони эронӣ дар Москав хабар додааст, менависад "Синхуа" бо истинод ба Press TV.

"Мавонеъи қаблӣ дар ин амр, аз ҷумла маҳдудият дар маболиғи интиқолшаванда ва мушкило визо дар маҷмӯъ ҳалл шудаанд", — гуфт сафири Эрон.

Саноӣ ҳамчунин хабар дод, ки Эрон ва Русия дар тӯли соли 2015 дар сададанд санади ҳусни тафоҳуми консулӣ дар мавриди ҳамгироӣ барои ҷорӣ намудани муқаррароти бидуни визо барои туҷҷори ва ҷаҳонгардони эрониву русӣ имзо кунанд.

Тибқи иттилои Бонки марказии Русия тӯли солҳои 2013 ва 2014 миёни Русия ва Эрон интиқоли маболиғ сурат нагирифтаанд.

Миёни кишварҳо мизони андаки интиқоли маболиғ, интиқоли ғайринақдии сокинон ва ғайрисокинон, ки бо боз кардани суратҳисоб ё бидуни он тавассути муъассисоти молӣ ё шабакаҳои интиқоли пулӣ сурат мегиранд, анҷом мешаванд.

Ба унвони мисол, дар соли 2012 маблағи умумии интиқоли маболиғ аз Русия ба Эрон ҳамагӣ $1 миллион буд ва аз Эрон ба Русия $11 миллион, дар соли 2013 аз Эрон ба Русия ҳеҷ маблағе мунтақил нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0