Оғози баррасии парвандаи омӯзгори фанни риёзӣ Султоншоев

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкИмтиҳонсупорӣ. Акс аз бойгонӣ
Имтиҳонсупорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи Асламшо Султоншоев омӯзгоре, ки барои латукӯби шогирдаш муттаҳам мешавад, оғоз менамояд.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи Асламшо Султоншоев омӯзгори риёзиёи Мактаб-интернати ҷуҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасановро, ки дар латукӯби шогирдаш Муҳаммадҷон Сулаймонов муттаҳам мешавад, шурӯъ мекунад.

Исми ин муаллим баъди нашри як навори 15 сониягӣ дар интернет дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Навор пинҳонӣ аз ҷониби яке аз шогирдҳо дар телефони мобилӣ сабт шудааст, ки устод бо изҳори нороҳатӣ аз дермонии талаба ба рӯи шогирдаш шаппотӣ мезанад.

Дар ҳамин ҳол, волидони Муҳаммадҷон Сулаймонов дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтанд, ки алайҳи устоди фарзандашон даъвое надоранд, зеро баъди "сахтгирӣ"-ҳои устод рафтори фарзандашон хеле хуб шудааст.

Навори мазкур рӯзи 9 октябр ба интернет роҳ ёфт, вале худи қазия 17-уми апрели соли равон сурат гирифтааст.

 

Лентаи хабарҳо
0