ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Нисбати асирони ҳарбие, ки Украина озод мекунад парвандаҳои ҷиноӣ қатъ карда намешавад ва онҳо фирорӣ унвон мегарданд, ки ин шеваи кор мояи пазириши Ҷумҳурии мардумии Донетск намебошад, иброз дошт омбудсмен Даря Морозова.
"Табодуле, ки айни замон сурат мегирад, моро қаноатманд намесозад. Одамоне, ки раҳо шуда баргаштанд дар қиболашон парвандаҳо қатъ нашудааст. Ба онҳо санаде медиҳанд, ки иҷозаи тарки маҳалли зистро надоранд, аз ин рӯ онҳо фирорӣ ё худ гуреза маҳсуб мешаванд",- афзуд Морозова.
Мақомоти Украина шурӯъ аз аввали моҳи апрели соли гузашта алайҳи ҶМЛ ва ҶМД амалиёти густурдаи низомиро оғоз карданд. Тибқи иттилои ахири СММ, дар ин даргириҳо беш аз 8 ҳазор одам қурбон гардидаааст.
Вобаста ба соддагардонии вазъ ва таъмини сулҳ дар минтақа чандин санаду тавофуқот ба имзо расида, зимни муоҳадаи Минск яке аз пунктҳои он табодули асирони ҳарбӣ маҳсуб мешавад.