Донетск алайҳи Украина ба иттиҳоми оғози ҷанг парвандаи ҷиноӣ боз кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкСокинони ноҳияи Петровски Донетск дар паноҳгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Сокинони ноҳияи Петровски Донетск дар паноҳгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Ҷумҳурии мардумии худмухтори Донетск ба иттиҳоми тарҳрезӣ, оғоз ва идомаи ҷанг алайҳи мақомоти расмии Украина парвандаи ҷиноӣ боз кард.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Додситонии кулли ҶМД алайҳи мақомоти Украина ба иттиҳоми оғози ҷанг дар Донбасс парвандаи ҷиноӣ боз кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Оҷонсии хабарии Донетск.

"Парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми таҳия, омодагӣ ва ҳамла алайҳи мақомоти расмии Украина тибқи моддаи 423 қисми 2 қонуни ҷиноии ҶМД боз карда шавад", — иқтибос овардааст ожонсӣ аз қарори боз кардани парванда.

Дар даст доштан дар судури ин иттиҳом раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко, нахуствазир Арсений Ятсенюк ва дабири Шӯрои миллии амният ва дифоъ Александр Турчинов мазнун дониста мешаванд.

"Мақомоти Украина, ки бо раъйи аҳолии Донбасс барои эъломи истиқлоли ҶМД ва ҶМЛ розӣ набуданд, вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи табаҳкор ва баталонҳои интиқомҷӯро ба қаламрави ин кишвар ташкил карданд", — омадааст дар хабари ожонсӣ ба истинод ба ин санад.

Мақомоти Украина дар моҳи апрели соли 2014 дар Донбасс алайҳи норозиёни табадуллоти давлатии моҳи ферал дар Украина амалиёти низомӣ оғоз карданд.

Аз оғози даргирӣ дар Украина, ба иттилоъи СММ, беш аз 5,6 ҳазор нафар сокинони осоишта кушта шуданд.

 

© ИнфографикаПеремирие в Донбассе. Инфографика
Перемирие в Донбассе. Инфографика - Sputnik Тоҷикистон
Перемирие в Донбассе. Инфографика
Лентаи хабарҳо
0