Рӯзҳои истироҳат дар бархе аз навоҳии кишвар борон меборад

© Sputnik / Амир ИсаевБорон дар Душанбе
Борон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзҳои 21, 22 ва 23 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ поёнравии ҳарорати ҳаво ва боридани борон дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар рӯзҳои истироҳатии ахири ҳафтаи равон дар Тоҷикистон боридани борон пешбинӣ мешавад, гуфт Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Sputnik.

Ба қавли ӯ, аз 21 то 23 ноябри соли равон дар вилояти Суғд боридани борон дар назар буда, ҳарорати ҳаво шабона 1-6 дараҷа гарм, рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Борон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистониёнро дар рӯзҳои истироҳатии ҳафта борони шадид интизор аст

Инчунин, дар ин давра шабона ҳаво дар вилояти Хатлон нисбатан салқин шуда, рӯзона 2-7, шабона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок, боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон дар назар буда, ҳарорати ҳаво шабона 3-2, рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа гарм, рӯзона бошад 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар навоҳии тобеи марказ низ рӯзҳои 21, 22 ва 23 боридани борон дар назар аст", — афзуд Ҷамила Байдуллаева.

Дар Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, боридани борон пешбинӣ мешавад, ҳарорат шабона 3-5 рӯзона 16-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0