Тоҷикистониёнро дар рӯзҳои истироҳатии ҳафта борони шадид интизор аст

© Sputnik / Амир ИсаевБорон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Борон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзҳои 12, 13 ва 14 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ поинравии ҳарорати ҳаво ва боридани борон дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар рӯзҳои истироҳатии ахири ҳафтаи равон дар Тоҷикистон боридани борони шадид пешбинӣ мешавад, гуфт Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Спутник.

Тибиқи иттилои манбаъ, аз 12 то 14 ноябри соли равон дар кишвар боридани борони шадид дар назар буда, ҳарорати ҳаво шабона 6-7 дараҷа гарм, рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Боду ҳавои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Маркази обуҳавошиносӣ: се рӯзи оянда ҳаво сардтар мешавад

"Рӯзҳои 12-13 ноябр боришот дар қисми зиёди ҷумҳурӣ шиддат гирифта, вале 14 ноябр боридани борон қатъ мегарардад. Такроран 15 ноябр боридани борон дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ мешавад", — афзуд Ҷамила Байдуллаева.

Инчунин дар ин давра шабона ҳаво дар вилояти Хатлон аз 6 то 11 дараҷа расида, рӯзона бошад аз 12 то 18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд низ боридани боришот дар назар буда, туманфароӣ дар ин минтақа пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-7 дараҷа гарм, рӯзона бошад 8-12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар тобеи марказ низ рӯзҳои 12-13 боронҳои шадид дар назар аст. Дар қисматҳои куҳӣ эҳтимоли борон ба барф гузаштан вуҷуд дорад. Дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок, боридани борон, дар баландкуҳҳо боридани барф пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ рӯзҳои 12, 13 ва 14 ноябр дар навоҳии Тоҷикистон поинравии ҳарорати ҳаво низ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0