Раҳимзода: ногувории вазъи шарикон иҷрои буҷаи ояндаро мушкил мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевШариф Раҳимзода. Акс аз бойгонӣ
Шариф Раҳимзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аъзои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран қонуни буҷа барои соли 2016-ро қабул карданд, ки тибқи он ҳаҷми буҷаи давлатии кишвар барои соли оянда 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ муқаррар шудааст.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ногувории вазъи иқтисодии кишварҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон ташаккули буҷаи давлатӣ ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодиро каме мушкил хоҳад кард, мегӯяд раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони кишвар Шариф Раҳимзода.

Ба гуфтаи ин иқтисодшиноси ҳукумати Тоҷикистон, агар ба маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар бо баҳодиҳии асъорӣ назар карда шавад, пас он ҳам нисбат ба соли 2015 коҳиш хоҳад ёфт.

Бинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Буҷа-2016 дар қиёс ба соли равон 3,3 миллиард сомонӣ бештар аст

"Ин дар навбати худ ба нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодӣ, ба монанди ММД ба ҳар сари аҳолӣ ва ҳиссаи қарзи берунии давлат дар ММД, ки бо асъори хориҷӣ баҳогузорӣ мешаванд, таъсири манфӣ мерасонад", — афзудааст ҷаноби Раҳимзода.

Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони кишвар дар ин бора афзоиши ҳиссаи қарзӣ берунӣ дар ММД-ро мисол овардааст. "Масалан ҳиссаи қарзи берунӣ дар ММД аз 19,6% —и имсола то 27% афзоиш меёбад", — изҳор медорад Раҳимзода.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи мақомоти кишварро зарур аст, ки талош кунанд, то нақшаи буҷаи давлатӣ дар соли 2016 барзиёд иҷро гардад, то рушди иқтисоди кишвар ва маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ таъмин гардад. "Дар шароити вазнини иқтисодӣ таъмини истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ вазифаи дигарест, ки дар назди сохторҳои дахлдор ва мо, вакилон истодааст ва бояд аз уҳдаи иҷрои он бароем", — афзуд ӯ.

Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон
Маош, идрорпулӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ дар моҳи сентябр афзоиш меёбанд

Аъзои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран қонуни буҷа барои соли 2016-ро қабул карданд, ки тибқи он ҳаҷми буҷаи давлатии кишвар барои соли оянда 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ муқаррар шудааст.

"Дар соли оянда ҳаҷми буҷаи давлатӣ 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар қиёс ба соли равон 3,3 миллиард сомонӣ, ё ба андозаи 19,8 фоиз зиёд мебошад",- гуфт сухангӯи парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов он замон дар суҳбат бо Sputnik.

Ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ дар соли 2015 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд ва ин рақам дар нисбати соли 2014 як миллиарду 377 миллион сомонӣ, ё 10% зиёдтар буд.

Дар пешнависи буҷаи соли оянда ба маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо назардошти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Айни замон иҷрои буҷаи Тоҷикистон бо душворӣ даст медиҳад. Тайи 9 моҳи соли равон ҳаҷми буҷети кишвар иҷро нашуда, дар ин муддат буҷа ба андозаи 96,5 фоиз таъмин шудааст, ки ба он 10,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 391 миллион сомонӣ кам мебошад.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як маҷлиси Ҳукумат дар сабаби иҷро нашудани буҷа гуфт, ки дар 9 моҳи соли равон таҳти таъсири омилҳои беруна суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 фоиз, аз ҷумла воридоти мол 21,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 фоиз коҳиш ёфт ва қурби пули миллӣ ҳамоно таҳти фишор қарор дорад.

Бар асари буҳрони молиявӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, ки тибқи ваъдаи президент дар моҳи сентябр маоши кормандони буҷавиро баланд бардорад

Лентаи хабарҳо
0