Маош, идрорпулӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ дар моҳи сентябр афзоиш меёбанд

© SputnikТаджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайёми худ ба порлумони Тоҷикистон раҳбари кишвар ваъда медиҳад, ки дар моҳи сентябр маоиши кормандони арсаи будҷетӣ, кормандони давлатӣ, низомӣ ва идрорпуливу ҳуқуқи бознишастагон афзоиш меёбад.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Афзоиши навбатии маош дар Тоҷикистон моҳи сентябр оғоз мешавад, ваъда дод раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироъаи пайёми худ ба порлумон, хабар медиҳад РИА Новости.

"Маоиши ҳадди ақал 60% — аз 250 сомонии феълӣ то ба 400 сомонӣ афзоиш меёбад (ҳудуди аз 50 то 80 доллар)", — гуфт раиси ҷумҳур.
Ба гуфтаи вай, маоши кормандони давлатӣ, ниҳодҳои интизомӣ ва ниҳодҳои дигари қудратӣ 15% бештар мешавад. Маоши кормандони бахши омӯзишу парвариш ва ҳуқуқи бознишастагӣ 20% боло бурда мешаванд. Маоши кормандони арсаи иҷтимоӣ 25% ва идрорпулӣ 30% афзоиш меёбанд.

Раҳмон зикр кард, ки мизони фақр дар кишвар соли гузашта 3,6% коҳиш ёфта аз 35,6% дар соли 2013 то ба 32% дар соли 2014 поён рафтааст.

"Рушди мизони тавлидоти нохолиси милли дар соли 2014 дар кишвар 6,7% буд ва дар маҷмӯъ 45,6 миллиард сомонӣ (беш аз 9,12 миллиард доллар) буд. Рушди мунназами дороиҳои мардум мушоҳида мешуд, 52 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис шуд", — гуфт раиси ҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0