ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бо дастури муовини раиси Шӯрои федератсияи Русия Елена Мизулина Кумитаи қонунгузорӣ бояд раванди тафтишоти марги кӯдакро таҳти назорат қарор дода, аз натоиҷи он ба ҳамкорон хабар диҳад.
"Комилан норавшан аст, чӣ хел ин ҳодиса рух додааст",-гуфтааст Мизулина.
Қаблан муовини раиси Кумитаи қонунгузории конситутсионии Шӯрои федератсия Елена Мизулина дар робита ба марги Умаралӣ ба раҳбарияти Кумитаи тафтишотӣ ва Додситонии кулли Русия муроҷиат кард. Ба гуфтаи сенатор, ин ҳодиса бояд ба мансабдорони давлатии рус дарс шавад.
Дирӯз ҳам масъалаи марги кӯдаки ширхораи Зарина Юнусова дар ҷаласаи Шӯрои федератсияи Русия аз сӯи хонум Мизулина ба миён гузошта шуд.
"Ин шеваи кор метавонад, дӯстони моро ба душаман табдил диҳад",-афзудааст ӯ.
Ӯ таъкид кард, ки худ шахсан раванди тафтишоти марги тифли тоҷик дар беморхонаи Русияро таҳти назорат қарор хоҳад дод ва ба ҳамкорони худ хронологияи ҳодисаро нақл кард.
Боздошт ва ихроҷ
"14 октябри соли равон ба таври мармуз дар шаҳри Санкт-Петербург кӯдаки 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров ҷон дод. Дар рӯзи равшан ин тифлро аз модараш, ки гӯиё муҳлати будубоши қонунии ӯ ба итмом расидааст, ҷудо мекунанд. Ба эътирози волидайн нигоҳ накарда, Умаралӣ Назаровро ҳамчун кӯдаки бесарпаноҳ ба қайд мегиранду дар Маркази тавонбахшии кӯдакон дур аз муроқибати волидайн ҳамчун солим бистарӣ менамоянд",-изҳор доштааст сенатор.
Ин ҳодиса замоне рух дод, ки шоми 13 ба 14 октябр соли равон кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Санкт-Петербург модари ӯ Заррина Юнусоваро бо сабаби риоя накардани қавонини муҳоҷират ва нақзи қоидаи будубош дар қаламрави кишвари худ боздошт мекунанд ва ба шӯъбаи пулис интиқол медиҳанд.
Дар шӯъбаи пулис модарро аз фарзанди 5-моҳаи ширхора ҷудо карда, барои иҷрои расмиёти нақзи қавонини будубош ба додгоҳ мебаранд ва тифлашро дар ихтиёри кормандони пулис мегузоранд, ки баъдан ба беморхона интиқол меёбад.
Вақте Заррина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш меояд, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории тифлаш дода натавонистаанд ва танҳо як рӯз баъд 14 октябр ба ӯ ҷасади беҷони Умари 5-моҳаро супоридаанд.
Дар баробари муроҷиати сенатори рус ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раисҷумҳури Русия Павел Астахов ҳам ба вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев ва додситонии кулли ин кишвар Юрий Чайке муроҷиат карда, хостори таҳқиқи барои таҳқиқи марги Умари 5-моҳа шуда буд.
Қазияи марги Умаралӣ таҳқиқ мехоҳад
Вале то ҳол ҳеч ниҳод расман сабаби марги ин тифли тоҷикро шарҳ надодааст ва танҳо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи вокуниши шадиди ҷомеаи маданӣ дар робита ба қазияи Умаралӣ иттилоия пахш карда, гуфт, сабаби марги ин кӯдак бар пояи ташхиси табибони рус "вируси шадиди респираторӣ" мебошад.
Ҳоло бо қарори додгоҳ модари Умаралӣ аз Русия ихроҷ шуда, ӯ ҳамроҳ бо ҷасади беҷони фарзандаш субҳи 16 ноябр ба Ватан боз гашт. Худи ин рӯз ҷасади кӯдак бидуни ташхиси дубора дар зодгоҳаш ноҳияи Файзобод ба хок супорида шуд.
Яке аз наздикони Умаралӣ Назаров, оқои Мирзо Шарипов дар суҳбат бо Sputnik гуфт, ки ба ғайр аз хабарнигорон ва чанд фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ то ҳол ба онҳо ягон нафар аз мақомоти Тоҷикистон тамос нагирифтааст ва аз аҳволашон напурсидааст.