Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик аст, ки дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Санкт- Петербург ба таври мармуз ҷон дод.
Ин ҳодиса замоне рух дод, ки шоми 13 ба 14 октябр соли равон кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Санкт-Петербург модари ӯ Заррина Юнусоваро бо сабаби риоя накардани қавонини муҳоҷират ва нақзи қоидаи будубош дар қаламрави кишвари худ боздошт мекунанд ва ба шӯъбаи пулис интиқол медиҳанд.
Дар шӯъбаи пулис модарро аз фарзанди 5-моҳаи ширхора ҷудо карда, барои иҷрои расмиёти нақзи қавонини будубош ба додгоҳ мебаранд ва тифлашро дар ихтиёри кормандони пулис мегузоранд, ки баъдан ба беморхона интиқол меёбад.
Вақте Заррина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш меояд, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории тифлаш дода натавонистаанд ва танҳо як рӯз баъд 14 октябр ба ӯ ҷасади беҷони Умари 5-моҳаро супоридаанд.
То ҳол ҳеч ниҳод расман сабаби марги ин тифли тоҷикро шарҳ надодааст ва танҳо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи вокуниши шадиди ҷомеаи маданӣ дар робита ба қазияи Умаралӣ иттилоия пахш карда, гуфт, сабаби марги ин кӯдак бар пояи ташхиси табибони рус "вируси шадиди респираторӣ" мебошад.
Ҳоло бо қарори додгоҳ модари Умаралӣ аз Русия ихроҷ шуда, ӯ ҳамроҳ бо ҷасади беҷони фарзандаш субҳи 16 ноябр ба Ватан бозгашт.