Матбуот: тавсифу бозтоби сафари Раҳмон, “Ба ҷойи гаҳворабандон…”

© Sputnik / Амир ИсаевНашрияҳои Тоҷикистон
Нашрияҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танҳо як нашрия дар шумораи нави худ масъалаи берун баровардани қисмҳои пойгоҳи низомии “201”-и Русияро дар миён гузоштааст.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Мавзуи меҳварии аксари шумораи нави нашрияҳои Тоҷикистон сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ва ҳамлаҳои хунин ва бесобиқаи 13 ноябри Порис мебошад.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” мақолаи Умари Тоҳирро бо номи “Лонаи ҷиноӣ” ба нашр расонида, пешниҳод кардааст, ки қисмҳои ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз шаҳрҳои Тоҷикистон берун бароварда шаванд. Инчунин дар ин шумораи нашрия мақолаи муфассали Усмоналӣ Холиқзода бо номи “Мушкилоти қоидаҳои имло” чоп шудааст.

Қисми низомии пойгоҳи 201-уми ФР аз Кӯлоб мебарояд: сокинон нигаронанд

Нашрияи мустақили “Миллат” бо номи “Ба ҷойи гаҳворабандон…” аз фоҷиаи талхи кӯдаки панҷмоҳа, ки дар шаҳри Санкт-Петурбург ба ҳалокат расидааст, нақл мекунад.

Ҳафтаномаи “Фараж” бо номи “Миллиардҳо доллар ба ботлоқ” мақолаи таҳлилии Лутфулло Яъқубовро чоп кардааст.

Нашрияи “Тоҷикистон” ин ҳафта матолиберо таҳти унвони “Марди нодир” дар мавриди сафари президенти кишвар ба Покистон, “Русия ва се омили зарба ба ДИИШ” дар мавриди зарбаҳои ҳавоии Русия ба мавқеъҳои гурӯҳи террористии ДИИШ, “Фоҷиаи Порис-баъд аз он чиро бояд интизор шуд?” перомуни ҷузъиёти ҳамлаҳои хунини террористон ба Порис, ки дар 45 дакиқа 8 таркиш ба вуқӯъ пайваст, ба нашр расонидааст.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” мақолаи Умари Тоҳирро бо номи “Лонаи ҷиноӣ” ба нашр расонида, пешниҳод кардааст, ки қисмҳои ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз шаҳрҳои Тоҷикистон берун бароварда шаванд. Инчунин дар ин шумораи нашрия мақолаи муфассали Усмоналӣ Холиқзода бо номи “Мушкилоти қоидаҳои имло” чоп шудааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон — “Адабиёт ва санъат” дар саҳифаи назм шеърҳои Давлати Раҳмониён ва дар саҳифаи наср ҳикояи Зариф Ғулом “Ишқи духтари ветнамӣ”-ро чоп карда, дар саҳифаи тақриз мақолаи Вафо Элбоевро бо номи “Паҳнои афкор ва ҷустуҷӯ” пешкаши хонандагонаш кардааст.

Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мақолаҳоеро таҳти унвони “Онҳо зистан мехоҳанд!”, “Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд…”, “Террори нозанини Аврупо” ба нашр расонда, суҳбатеро ҳам бо варзишгари шинохтаи тоҷик — Мавзуна Чориева пешкаши хонандагони худ намудааст.

Мавзуна Чориева - Sputnik Тоҷикистон
Мавзуна Чориева: дигар овардани медал ба Ватанро ваъда намедиҳам

Нашрияи “Садои мардум”-и парлумони кишвар дар шумораи нави худ ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар боғи “Шакарпариён”-и Исломободро ба нашр расонда, аз ҷараёни Шӯрои навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат гузоришеро таҳия ва чоп кардааст.

Нашрияи “Омӯзгор”-и Вазорати маориф бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ силсилаи мақолаҳоеро  чоп карда, низ дар бораи ҳаёти мактабӣ, мушкилоти соҳаи маориф, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ мақолаҳову хабарҳо нашр кардааст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи шанбе аз сафари расмии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар, изҳороти матбуотии кишвар, суханронӣ дар Донишгоҳи ба номи Қойиди Аъзами Покистон гузориши муфассал чоп карда, мисли ҳамешагӣ барои хонандагони худ саҳифаи фароғатии “Шоми шанбе”-ро пешниҳод кардааст.

Лентаи хабарҳо
0