ВАО: дар Порис террористҳои эҳтимолӣ нобуд карда шуданд

© Дарина ИсмаиловаКормандони пулис дар майдони "Ҷумҳурӣ" дар Порис
Кормандони пулис дар майдони Ҷумҳурӣ дар Порис - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми ҷумъа ба шанбеи гузашта дар шаҳри Порис як қатор ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифт.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Пулиси Фаронса дар пайи як амалиёти вижаи худ ду терорристро нобуд сохта, се тани дигарро дар минтақаи Сен-Дени Порис боздошт кардааст, иттилоъ медиҳанд расонаҳои хабарии ин кишвар.

"Инчунин як гумонбари дигар дар ҳамлаҳои 13 ноябр дар асорати кормандони пулис дар яке аз ҳуҷраҳо қарор дорад", — меафзоянд расонаҳо.

Валс: ҳамлаҳои Порис аз Сурия ташкил ва роҳандозӣ шуданд

Тибқи иттилои аввалия, миёни террористҳои кушташуда дар натиҷаи амалиёти вижаи пулиси Фаронса дар минтақаи Сен-Денӣ як зан ҳам вуҷуд дорад, ки дар тан камарбанди интиҳорӣ доштааст.

Субҳи чаҳоршанбе амалиёти вижаи пулиси Фаронса дар минтақаи мазкури Порис гузаронида шуд, ки дар яке аз ҳуҷраҳо дастандаркорони эҳтимолии ҳаводиси 13 ноябр пинҳон буданд. Бар асоси иттилои ВАО, яке аз ҳадафҳои ин амалиёт боздошти ташкилкунандаи эҳтимолии ҳаводиси 13 ноябр Абдулҳамид Абауд ба шумор меравад.

Шоми ҷумъа ба шанбеи гузашта дар шаҳри Порис як қатор ҳамлаҳои террористӣ сурат гирифт.

Олланд бо ДИИШ ҷанг эълон кард

Ин силсила ҳамлаҳо ҳамзамон дар 6 минтақаи пойтахти Фаронса, аз ҷумла он шаб афроди номаълум ба ошхонае дар округи 10-уми шаҳри Порис ва бинои театри "Батаклан ворид шуда, ҷониби ҳунармандон ва тамошобинон оташ кушодаанд.

Инчунин он шаб дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд ва афроди дигари баландпояи ду кишвар идома дошт, се таркиши дигари мудҳиш аз сӯи маргталабон ба вуқуъ пайвастааст.

Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад. Ин ҳамлаҳои ҳаросафкании шаби 13 ноябр дар таърихи Фаронса бесобиқа буда, вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Раҳбарони давлатҳои аксари ҷаҳон, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамлаҳоро ғайриинсонӣ хонда, шадидан маҳкум кард.

Лентаи хабарҳо
0