ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ҳамлаҳои хунин ва бесобиқаи террористии Порис дар ҳафтаи гузашта аз қаламрави Сурия ташкил ва роҳандозӣ шудаанд, навиштааст РИА Новости бо истинод ба радиои "RTL" ва нахуствазири Фаронса Мануэл Валс.
"Ин ҳамлаҳо аз қаламрави Сурия барномарезӣ, ташкил ва роҳандозӣ шудаанд", — гуфтааст ҷаноби Валс дар суҳбат бо "RTL".
Ин силсила ҳамлаҳо дар шаҳри Порис шоми ҷумъа ба шанбеи ҳафтаи гузашта сурат гирифтанд.
Афроди номаълум дар ошхонаи воқеъ дар округи 10-уми шаҳри Порис оташ кушода, дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд идома дош, ба вуқуъ пайваст.
Инчунин афроди номаълум вориди бинои театри "Батаклан", воқеъ дар округи 11-уми Порис шуда, баъзе аз тамошобинонро ҳам ба гарав гирифтанд.
Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад.