ВКД: боздошти табиби 54 сола ва дарёфти нашъа

© Flickr \ Tar Sands BlockadeЗавлона
Завлона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони мақомоти умури дохила дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд аснои як амалиёти вижа дандонпизишкеро бо иттиҳоми пораҷӯӣ дастгир намуданд.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд пизишки дандон бо гумони тамаъҷӯӣ бо маблағи 16 ҳазор рубли русӣ боздошт шудааст.

Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи гузашта пизишки дардон бо роҳи тамаъҷӯӣ аз бемор ҷавони 26-сола барои ҷарроҳии илтиҳоби устухони ҷоғи поён, 16000 рубли русӣ талаб кардааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст.

Санҷиши рубл. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти таққалубкор бо 95 ҳазор рубл дар шимоли кишвар

Ҳамзамон, дар ҷануби кишвар ду шаҳрванди кишвар, ки ба хариду фурӯши маводи нашъадор сару кор доштанд, боздошт шуданд.

"Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони мумилоти ғайриқонунии маводи мухаддир марди 32-сола ва 49-солаи сокинони ноҳияи Панҷ дастгир гардиданд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 990 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд", —менависад сомонаи ВКД.

Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0