Атоев: танзими нодурусти технологияҳои иттилоотӣ мушкилӣ дар пай дорад

© Предоставлено Нуриддином КаршибоевымАсомиддин Атоев (аз чап) ва Нуриддин Қаршибоев дар ҷаласаи САҲА дар Варшава 21 сентябри 2015
Асомиддин Атоев (аз чап) ва Нуриддин Қаршибоев дар ҷаласаи САҲА дар Варшава 21 сентябри 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба “Телекоммуникатсия, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶС” ҷараён дорад.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Танзими технологияҳои рақамии иттилоотӣ- телекоммуникатсионӣ бо истифода аз методҳои аналогӣ мушкилиҳои зиёдро ба бор хоҳад овард, гуфт намояндаи Ассотсиатсияи дастраскунандагони интернет ва ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ Асомиддин Атоев дар суҳбат бо Sputnik.

Ба назари ҳамсуҳбати мо, ҳоло дар самти телекоммуникатсия мушкилиҳои гуногун вуҷуд дорад, ки муттаҳид кардани ҳамаи он ҳам имрӯз имконпазир аст.

“Шабакаи воҳиди иттилоотӣ” таҳти рақами “111”- барои наҷотбахшӣ

"Ҷамъияти мо имрӯз ба ҷомеаи иттилоотӣ ворид гардидааст ва пӯшида нест, ки технологияҳои рақамии иттилоотӣ- телекоммуникатсионӣ дар ҳама ҷо мавҷуданд, арзи ҳастӣ доранд. Дар ҳамин ҳолат танзим намудани онҳо, бо истифода аз методҳои аналогӣ, мушкилиҳои зиёдро ба бор меорад ва имкон намедиҳад то ба дараҷаи кофӣ ин бартариҳо ба манфиати Тоҷикистон истифода шаванд", — афзуд ҷаноби Атоев.

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба "Телекоммуникатсия, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶС" ҷараён дорад. Ин конфронс аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Дафтари САҲА дар Душанбе баргузор мешавад.

Асомиддин Атоев мегӯяд, ҳадаф аз ин ҳамоиш тавассути мубоҳисаҳои коршиносон интихоб ва танзим намудани ин соҳа мебошад.

"Пажӯҳиш тавсияҳоро ба ҳукумати ҶТ барои андешидани чораҳои зарурӣ додааст, то мо дар ҳамин соҳа мутобиқ гардем. Бояд зикр намуд, ки худи ҳамин пажӯҳиш яке аз қадамҳои барномаҳои мутобиқ кардани иқтисоди Тоҷикистон ба шароити СҶС мебошад, ки бо қарори ҳукумат аз 30 октябри соли 2014 қабул гаштааст",- илова кард ӯ.

Лентаи хабарҳо
0