ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон таъсис ва роҳандозии маркази ягонаи телефонӣ таҳти рақами "111" дар назар буда, он рӯзҳои наздик мавриди истифодаи шаҳрвандон қарор мегирад, иттилоъ медиҳад Радио Озодӣ.
Ба гуфтаи манбаъ, агар дар оянда, касе ба фалокате дучор шавад, метавонад, ба шумораи 111 занг занад ва ба кӯмаки ӯ наҷотбахшон, табибон, оташнишинон ва ё намояндагони ҳар се хадамот сафарбар мешаванд.
"Мо қасд дорем, то охири моҳи сентябр корҳо дар ин самтро анҷом диҳем, вале ин як санаи тахминӣ аст. Мо мехоҳем, се ниҳодро бо ноқилҳои нахи нурӣ васл кунем, ки ин ҷо ҳам баъзе аз мушкилот вуҷуд дорад. Ин ноқилҳо барои табодули иттилоот байни се хадамот, аз ҷумла иртиботи видеоӣ байни онҳо зарур аст", — мегӯяд Илҳом Сафаров, мутахассиси Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, ки дар иҷрои тарҳ ширкат мекунад.
Се хадамоте, ки бо як рақам ба онҳо тамос мегиред- маркази наҷотбахшии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, хадамоти оташнишонӣ ва шифохонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ҳастанд, ки феълан дар алоҳидагӣ амал мекунанд.
Дар сурати ба кор даромадани низоми нави кӯмаки изтирорӣ ба сокинон, шумораи телефони ин хадамоти воҳид "111" мешавад. Шабакаи воҳиди иттилоотӣ, ки дар Маркази мудирияти ҳолатҳои фавқулодда дар пойтахт ташкил мешавад, ҳар се ниҳодро ба ҳам васл мекунад. Шумораи мазкур нав нест ва онро соли 2011 барои кӯмак ба онҳое боз кардаанд, ки ба фалокате рӯ ба рӯ буданд, аз баландие афтиданд ё ғарқ шуданд. Ин рақам бар асоси қонун бояд 24 соат дар шабонарӯз ва 7 рӯзи ҳафта фаъол бошад.