Душанбе: сабқати V-уми дзюдочиён барои “Ҷоми Вастан”

© Sputnik / Александр ПоляковСабқати дзюдочиён
Сабқати дзюдочиён - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳлавонони навраси ин бошгоҳи варзишӣ дар мусобиқоти байналмилаливу қитъавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат карда, натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Рӯзҳои 28-29 ноябр дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон мусобиқаи V-уми  кушода оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум барои «Ҷоми Вастан» барпо мегардад.

Мубтакирони ин сабқати анъанавӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистону Бошгоҳи варзишии Вастан мебошанд.

Паҳлавони тоҷик- барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо

Бино ба иттилоъи расида, дар ин мусобиқа дастаҳои дзюдочиёни наврас аз ҳамаи манотиқи кишвар, инчунин ширкати варзишгарони ҷавони Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Туркия, Узбакистон, Ҷопон, Эрон ва Юнон дар назар аст.

Довари дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров аз Тоҷикистон сардовари ин мусобиқа таъин гардида, инчунин сабқатро ҳакамон аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон ва Эрон доварӣ хоҳанд кард.

Маврид ба ёдоварист, Бошгоҳи варзишии Вастан моҳи июни соли 2010 бо ибтикору сарпарастии паҳлавони маъруфи тоҷик Нуралӣ Шарифов, раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи "Файз" таъсис ёфтааст. Он нахуст дар ноҳияи Дарвоз баъди ба истифода додани толори варзишии Вастан, ки бо маблағи ин тоҷири ҳимматбаланд сохта шуд, ба кор шурӯъ намуд. Баъдан, моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе маркази Клуби варзишии Вастан ба фаъолият оғоз кард.

Паҳлавонони навраси ин бошгоҳи варзишӣ дар мусобиқоти байналмилаливу қитъавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат карда, натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд.

Ғолибони мусобиқа дар нӯҳ вазн байни писарон ва дар се вазн миёни духтарон ба ҷуз медалу диплом, бо ҷоизаҳои молӣ (барои ҷойи аввал 300 доллар, барои ҷойи дувум 200 доллар ва барои ҷойи севум 100 доллар) мукофотонида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0