Паҳлавони тоҷик- барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо

Обуна шудан
Сабқати III-юми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки 5 октябр дар Душанбе багузор шуд, бо пирӯзии Муҳаммадмур од Абдураҳмонов, паҳлавони тоҷик, ба поён расид.

Мусобиқа бо ширкати 40 гуштигир аз 14 кишвар дар майдони тенниси Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" сурат гирифт.

Дар мусобиқа варзишгарони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон, инчунин варзишгарони Афғонистон, Белорус, Италия, Куба, Миср, Русия, Эрон ва Юнон ширкат варзиданд. Мусобиқа танҳо дар вазни мутлақ сурат гирифт.

Паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири Беларус Александр Ваховяк ғолиб шуд. Ҳамин тавр, ҷоизаи асосии мусобиқа насиби Муҳаммадмурод Абдураҳмонов гардида, паҳлавони белорусӣ Александр Ваховяк барандаи ҷои дуввум ва Алварис (Куба) ва Фирдавс Насимов (Тоҷикистон) мақомҳои ифтихории севвумро соҳиб шуданд.

Лентаи хабарҳо
0