ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раҳбари Пентагон Эштон Картер умед дорад, ки ҳаводиси ахири Порис боиси ҷиддитар шудани муборизаи кишварҳо бо созмони террористии маъруф ба ДИИШ хоҳад шуд, навиштааст РИА Новости бо истинод ба Рейтер.
"Мо (Амрико) талош дорем, кори бештаре анҷом бидиҳем, мо тамоми имкониятҳоро барои мубориза бо ДИИШ ҷустуҷӯ дорем, вале ин кофӣ несту ниёз ба иштироки кишварҳои дигар дар маъракаро дорем", — афзудааст раҳбари Пентагон зимни суханронияш дар анҷумани баргузоркардаи маҷаллаи "Wall Street Journal".
"Умедворем, ин ҳодиса боиси фаолшавӣ хоҳад шуд, тавре Фаронсаро фаъол гардонид", илова кардааст раҳбари Пентагон Эштон Картер.
ИМА ҳамроҳ бо муттаҳидони худ беш аз як сол аст, алайҳи "Давлати исломӣ" дар хоки Сурия ва Ироқ мубориза мебаранд. Ҳарчанд мақомоти амрикоӣ аз зарбаҳои хисоротовари худ алайҳи ДИИШ борҳо гуфтаанд, вале иқрор мекунанд, ки ин мубориза тулонӣ хоҳад буд. Бо ин ҳол, эродҳо вуҷуд дорад, ки муборизаи амрикоиҳо ҳамроҳ бо муттаҳидони худ таъсири лозимиро надорад.