ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти 7 ташкилоти хурди қарздиҳиро дар қаламрави кишвар қатъ кардааст.
Ба иттилои БМТ, фаъолияти ҶДММ ТҚХ "Хубҷамъ", ҶДММ ТҚХ "Хазинаи Сомониён", ҶДММ ТҚХ "Саодат сармоя", ҶДММ ТҚХ "Кайёниён", ҶДММ ТҚХ "Дӯстком", ҶСП ТАҚХ "Дафтари молиявӣ" ва ҶСП ТҚХ "Барҳақ" бо сабаби мушкили молии онҳо дар амри таъмини ҳадди аққали сармояи воқеӣ қатъ карда шудааст.
"Дар солҳои охир саҳми ин 7 ширкат дар бозори бонкии Тоҷикистон хеле ночиз буд, зеро сатҳи миёнаравии молиявии ташкилотҳои зикршуда тайи чанд соли охир дар бозори молиявии ҷумҳурӣ коҳиш ёфта буд",- омадааст дар иттилоъияи ин ниҳоди молӣ.
Мутобиқи қарорҳои марбута иҷозатномаҳои ин ташкилотҳои қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.
Ҳамзамон, мақомоти ваколатдори ташкилотҳои қарзии хурди зикршуда вазифадор карда шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд/
Дар ҳоли ҳозир, дар низомии бонкии Тоҷикистон 17 бонк ва 43 ташкилоти хурди қарздиҳӣ фаъолият доранд.