ВАО: интиқоли Шербаков ба Русия барои ташхиси вазъи рӯҳӣ

Обуна шудан
Афсари пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия ба гумони қатли шаҳрванди Тоҷикистон ҳафтаи гузашта боздошт шуда, дар бозпурсиҳои ибтидоӣ ба гуноҳаш иқрор шуда буд.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Гумонбар дар қатли Шоира Ҷобироваи 22-сола барои ташхиси вазъи рӯҳияш ба бемористоне дар Екатеринбург бурда шудааст, менависанд расонаҳои кишвар.

Ба навиштаи ВАО, афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки дар қатли зани 22-солаи тоҷик Шоира Ҷобирова гумонбар дониста мешавад, барои ташхис ба шаҳри Екатеринбург бурда шудааст.

Дастбанд - Sputnik Тоҷикистон
Шербаков иқрор кард, ки Шоираро дар заминаи рашк куштааст

"Ӯ рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ тариқи хатсайри Душанбе-Екатеринбург ҳамроҳи намояндагони тафтишоти парвандаи ӯ ба Русия рафтааст. Вай баъд аз ташхиси вазъи рӯҳияш боз барои идомаи тафтишот ба Душанбе оварда хоҳад шуд",- меафзояд манбаъ.

Ташхиси вазъи рӯҳии Иван Шербаков дар ҳоле ба миён омадааст, ки эҳтимоли равобити ҷинсии ӯ бо Шоира Ҷобирова ва, ҳамин тавр, хабари баъзе аз расонаҳо дар бораи гӯё рашки ӯ нисбат ба ин зани 22-солаи тоҷик таъйид нашудааст.

Тибқи хабари сарчашмаҳо, аввал миёни онҳо барои пардохти маблағ баҳс сурат мегирад ва дар натиҷа Шербаков ӯро зарбаи сахт зада маҷрӯҳ мекунад. Баъдан ба хотири он ки Шоира шикоят набарад, ӯро кушта ҷасадашро дар дохили қуттии коғазӣ андохта, дар партовгоҳ мепартояд.

Бо назардошти чунин ҳолатҳо мақомоти тафтишотӣ зарур шуморидаанд, ки Иван Шербаков ташхиси рӯҳӣ карда шавад.

Иван Шербаков ба гумони қатли Шоира Ҷобирова рӯзи 9 ноябри соли ҷорӣ боздошт шуда, дар бозпурсиҳои ибтидоӣ ба гуноҳаш иқрор кардааст. Ҳоло алайҳи ӯ бар асоси моддаи 105, қисми 2-и қонуни ҷиноии Русия "куштори барқасдона" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқот аз сӯи мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон идома дорад.  

Лентаи хабарҳо
0