ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Афсари пойгоҳи 201-уми Русия лейтенанти калон Иван Шербаков, ки ахиран ба СИЗО-и №1-и шаҳри Душанбе интиқол дода шуд, иқрор карда, ки Шоира Ҷобироваи 22 соларо дар заминаи рашк куштааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба манбаи худ дар гуруҳи муштараки муфаттишон.
Дар робита ба ин ҳодиса аз шаҳри Екатеринбург намояндагони Округи марказии харбӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд.
Ба иттилои манбаъ, феълан алайҳи Иван Шербаков аз рӯи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия (куштори барқасдона) айб эълон шудааст, ки то 15 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Ҳодисаи куштор 5 ноябри соли равон дар хобгоҳи афсарони пойгоҳи низомии 201 дар Душанбе рӯх додааст ва Шербаков ба иттиҳоми куштор рӯзи 9 ноябр боздошт гардид.
"Пас аз боздошт, афсар аз кардааш пушаймон шуда, ба гуноҳи худ иқрор шуд. Дар рафти тафтишот, як қатор далелҳои ҳодиса баррасӣ мешаванд, аммо яке аз далелҳои асосӣ куштор дар заминаи рашк рух додааст", — гуфтааст манбаъ.
Мувофиқи нишондоди шоҳидон, зан ҳамроҳи афсари рус ба ҳудуди қисми ҳарбӣ бори аввал наомада будааст ва ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар даромадгоҳ худро ҳамсари Шербаков муаррифӣ мекардаст. Аммо дертар дар ҳуҷраи афсар ҷавонон муноқиша карданд, ки меҳмон ба хиёнаткорӣ муттаҳам шудааст. Пас аз муноқишаи лафзӣ задухурд ба миён омадааст, ки дар натиҷаи он Шоира ҷароҳатҳои маргбор бардоштааст, — илова кард манбаъ.
Намояндаи гуруҳи муфатишон қайд намудааст, ки барои тамоми гунаҳгорони ин ҳодиса ҷазои сахт пешбинӣ шудааст.