ВАО: ҷасади Умаралиро модараш ба Душанбе овард

© Фото : Пресс-служба "Сомон Эйр"Ҳавопаймои ширкати "Сомонй Эйр". Манбаъ: somonair.com
Ҳавопаймои ширкати Сомонй Эйр. Манбаъ: somonair.com - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимнан, мақомоти Русия баъд аз 16 рӯзи марги Умаралӣ Назаров, рӯзи 7 ноябр натиҷаҳои даргузашти ӯро эълон карда ва гуфтанд, ки ӯ аз бемории сармохӯрдагӣ даргузаштааст.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Субҳи 16 ноябр ҷасади Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик, ки дар дар беморхонаи ба номи Тсимбалинаи шаҳри Санкт- Петербург фавтида буд, ҳамроҳи модараш Зарина Юсупова тавассути хатсайри ҳавопаймоии ширкати  "Сомон Эйр" ба Душанбе оварда шуд.

Ҳафтаи гузашта додгоҳе дар пойтахти  шимолии Русия ихроҷи модари тифли фавтидаро тасдиқ карда, барояш ҳамагӣ 5 рӯз муҳлат дода буд, то қаламрави ФР-ро тарк намояд.

Норозигии Астахов аз ташхису санҷиши омилҳои марги Умаралӣ Назаров

Волидайни Умаралӣ Назаровро шаби 13 ба 14 ноябри соли равон маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт ва ба додгоҳ бурда шуданд. Ҳамон шаб кӯдаки панҷмоҳаро аз модараш ҷудо карданд ва баъдан ин тифл дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт.

Баъди як рӯз, аниқтараш 14 ноябр ҳудуди 200 нафар дар хиёбони Марсови шаҳри Санкт-Петербурги Русия низ ҷамъ омада, талаб карданд, ки қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров одилона таҳқиқ шавад. Иштирокдорони гирдиҳамоӣ бештар ба натиҷаҳои ташхиси тиббӣ дар мавриди марги Умаралӣ нобоварӣ кардаанд.

Зимнан, мақомоти Русия баъд аз 16 рӯзи марги Умаралӣ Назаров, рӯзи 7 ноябр натиҷаҳои даргузашти ӯро эълон карда ва гуфтанд, ки ӯ аз бемории сармохӯрдагӣ даргузаштааст. Дар натиҷаҳои муқаддамотӣ низ гуфта буданд, ки ин кӯдак аз сармохӯрдагӣ гузаштааст ва акнун онро гӯё таъйид карданд. Бино ба ин хабар, ин вирус метавонад дар батни модар ҳам ба кӯдак дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0