ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раисҷумҳури Русия Павел Астахов аз санҷиши хидматии гузаронидашуда дар робита ба марги Умаралӣ Назаров норозӣ буда, тасмим дорад, гузаронидани санҷиши такрориро талаб кунад, менависад сомонаи ваколатдор.
Ҷаноби Астахов рӯзи чаҳоршанбе дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Санкт-Петербург бо сардухтури Маркази тиббӣ ва иҷтимоии кӯдаконаи ба номи Тсимбалина, ки шоми 14 октябр Умари 5-моҳа дар онҷо ҷон дода буд, мулоқот кардааст.
"Муассиса барои 75 кӯдак пешбинӣ шудааст ва ҳоло дар он 63 тифл мебошад. Ин марказ пурра бо кормандон ва таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз аст. Дурбинҳои назоратӣ вуҷуд надорад. Парвандаи тиббии Умаралиро пурра ба ман меоранд ва мо ҳам онро дар ихтиёри мутахассисони худ мегузорем, то хулоса бароранд, вале масоили зиёде боқӣ хоҳад монд", — гуфтааст Астахов.
Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раисҷумҳури Русия афзудааст, барои гузаронидани санҷиши иловагии хидматӣ исрор мекунад ва дар ин бора ба раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар дубора муроҷиат хоҳад кард.
"Вазъ таҳти назорати раҳбарияти кишвар қарор дорад ва раисҷумҳури Русия ҳам аз раванди тафтишот огаҳ буда, ҳатто раиси ҳукумат ба раисҷумҳури Тоҷикистон ваъда дод, ки ин корро то охир назорат мекунад. Аз ин рӯ, ман натиҷаи тафтишҳои худро ҳам ба раисҷумҳур ва ҳам ба раиси ҳукумат мерасонам",-илова кардааст ваколатдор.
Рӯзи 13 октябр кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Санкт-Петербург бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷират як хонаводаи тоҷик, Далер Назаров, Заррина Юнусова ва ҳамроҳ бо ин зан писараш Умаралии 5-моҳаро боздошт карда, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурдаанд. Дар шӯъбаи пулис тифлро аз модар ҷудо карданд ва ба модар ҳеҷ иттилое дар бораи шароити нигаҳдории тифл дода нашудааст.
Ҳамон рӯз Назаров ва Юнусоваро ба додгоҳи ҷиноятҳои маъмурӣ интиқол ёфта, баъди панҷ соат қарори додгоҳ дар мавриди ихтиёран тарк кардани ин хонаводаи тоҷик қаламрави Русияро содир шудааст.
Вақте Зарина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш меояд, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳали нигаҳдории тифлаш дода натавонистаанд ва танҳо як рӯз баъд- 14 октябр ба ӯ ҷасади беҷони Умари 5-моҳаро супоридаанд.
Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раисҷумҳури Русия он замон ба вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев ва додситонии кулли ин кишвар Юрий Чайке муроҷиат карда, хостори таҳқиқи барои таҳқиқи марги Умари 5-моҳа шудааст.