ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар басти якуми муассисаҳои олӣ касбии шаҳри Душанбе 48,172, дар басти дуюм 36,715, инчунин дар коллеҷу омӯзишгоҳҳо бошад дар басти якум 8821 дар басти дуюм 4114 донишҷӯ таҳсил мекунанд, иброз дошт манбаъи Sputnik дар Вазорати маориф.
"Дарсҳои басти якум дар муассисаҳои касбии миёна ва олии шаҳри Душанбе аз соати 7:30 оғоз гардиданд",- гуфт сухангӯи Вазорати маориф Эҳсон Хушвахтов.
Ба қавли манбаъ, ин тасмим бо пешниҳоди шаҳрдории Душанбе дар мувофиқа бо ҳукумати кишвар ва Вазорати илму маориф бо мақсади барқарор кардани ҳаракати мусоиди нақлиёт ва ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт сурат гирифтааст.
Қаблан дарсҳои донишҷӯён дар макотиби олӣ ва миёнаи махсуси пойтахт аз соати 8:00 шурӯъ мешуд, ҳоло бошад вақти оғози таълим 30 дақиқа барвақттар муайян гардид.
Айни замон дар саросари ҷумҳурӣ ҷумҳурӣ 35 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият дошта, бештар аз 120 ҳазор донишҷӯ дар онҳо таҳсил менамоянд. Аксари донишгоҳҳои кишвар дар шаҳри Душанбе воқеъ мебошанд.