Дар Душанбе дарсҳои донишҷӯён аз соати 7:30 оғоз мешаванд

© Саид Гуциев / Гузариш ба медиабонкДонишҷӯён дар вақти дарс. Акс аз бойгонӣ
Донишҷӯён дар вақти дарс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар донишгоҳҳои пойтахт шурӯъ аз ҳафтаи оянда дарсҳои басти якум ним соат қабл шурӯъ хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Аз 16 ноябри соли равон дарсҳои басти якум дар муассисаҳои касбии миёна ва олии шаҳри Душанбе аз соати 7:30 оғоз хоҳанд шуд, гуфт сухангӯи Вазорати маориф Эҳсон Хушвахтов дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik.

Ба қавли манбаъ, ин тасмим бо пешниҳоди шаҳрдории Душанбе дар мувофиқа бо ҳукумати кишвар ва Вазорати илму маориф бо мақсади барқарор кардани ҳаракати мусоиди нақлиёт ва ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт сурат гирифтааст.

Вазорати маориф “занги охир”-ро боз ҳам кӯтоҳтар кард

Қаблан дарсҳои донишҷӯён дар макотиби олӣ ва миёнаи махсуси пойтахт аз соати 8:00 шурӯъ мешуд, ҳоло бошад вақти оғози таълим 30 дақиқа барвақттар муайян гардид.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 35 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият дошта, бештар аз 120 ҳазор донишҷӯ дар онҳо таҳсил менамоянд. Аксари донишгоҳҳои кишвар дар шаҳри Душанбе воқеъ мебошанд.

Дар басти якуми муассисаҳои олӣ касбии шаҳри Душанбе 48,172, дар басти дуюм 36,715, инчунин дар колеҷу омӯзишгоҳҳо бошад дар басти якум 8821 дар басти дуюм 4114 донишҷӯ таҳсил мекунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0