Ҳалокати майор Мирзоев ва прапоршик Насибов бар асари захми корд

Обуна шудан
Чаҳор корманди комисариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт дар Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, ду тани онҳо ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар Душанбе шахсони номаълум ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахтро ба қатл расонданд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Фоҷиаи мазкур субҳи рӯзи шанбеи гузашта рух додааст.

Корманди БДА аснои назорати роҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Кӯлоб як ронанда нозири БДА-ро бо корд захмӣ кард

"Шахсони номаълум ҳангоми дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе қарор доштанашон, бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссарияти мазкур, Рустам Саъдуллоев муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд", — иттилоъ медиҳад ВКД.

Бар асари ин Пӯлод Мирзоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарон бо захмҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Пас аз чанд муддат, Ҳамза Насибов низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Вазъи саломатии дигар ҷабрдидагон мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ВКД-и Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандоне, ки оиди ин қазия ва шахсияти ҷинояткорони дар он дастдошта ягон маълумот дошта бошанд, хоҳиш кардааст, ки бо телефонҳои 02, 102, 221-21-21, 221-15-00 тамос гиранд.

Лентаи хабарҳо
0