Тақвияти робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия

© SputnikБинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар анҷоми нишаст қайд шуд, ки Форуми навбатии байнипарлумонии таҳти унвони «Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» дар соли 2016 дар Душанбе баргузор хощад шуд.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тақвияти равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Русия аснои ҷаласаи панҷуми Комиссияи ҳамкории ММ МО ва ШФ ФР дар Душанбе баррасӣ гардид Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Душанбе матраҳ гардид, иттилоъ доданд ба Sputnik аз палатаи болоии парлумони кишвар.

"Нишасти мазкур таҳти раёсати Абдураҳмон Қодирӣ, муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ ва Евгений Бушмин, муовини раиси  Шӯрои Федератсияи Русия, ки ҳамраисони комиссия мебошанд, доир гардид",- афзуд манбаъ.

Намояндагони Шӯрои Федератсияи Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои Федератсия: артиши Русия дар хориҷа ҷанг карда метавонад

Иштирокдорони ҷаласа масоили марбут ба татбиқи амалии вазифаҳоеро, ки аз ҳуҷҷати хотимавии Форуми байнипарлумонии «Русия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» бармеоянд, инчунин дурнамои ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия оид ба рушди ҳамкорӣ, таъмини ҳуқуқӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо, фарҳанг ва гуманитарӣ, нақшаи кории Комиссия барои соли 2016-ро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон зарурати ҳамкории ҷадид дар бахши ҳимояи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавӣ матраҳ  гардиданд.

Дар анҷоми нишаст қайд шуд, ки Форуми навбатии байнипарлумонии таҳти унвони «Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» дар соли 2016 дар Душанбе баргузор хощад шуд.  

Лентаи хабарҳо
0