Шӯрои Федератсия: артиши Русия дар хориҷа ҷанг карда метавонад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкНамояндагони Шӯрои Федератсияи Русия. Акс аз бойгонӣ
Намояндагони Шӯрои Федератсияи Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои Федератсия, маҷлиси болоии палатаи парлумонии ФР иҷозаи амалиёт дар хориҷаро ба артиши ин кишвар дод. Масъалаи мазкур аз ҷониби Башор Асад, раисҷумҳури Сурия пешниҳод гардида, зимнан ӯ аз президенти Русия барои ҳалли низоъ дар кишвараш аз Владимир Путин дархости кӯмак кардааст.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Маҷлиси болоии парлумони Русия, ё ба истилоҳ Шӯрои Федератсия рӯзи 30 сентябр бо иттифоқи оро ҳуқуқи истиқрори нирӯҳои ин кишвар дар хориҷро дод, иброз дошт роҳбари дастгоҳи раисҷумҳури ФР Сергей Иванов.

"Шӯрои Федереатсия якдилона дархости президентро ҷонибдорӣ намуданд. 162 нафар "ҳа" ва ягон нафар бетарафу зид набуд",- нақл кард Иванов ба журналистон.

Калиди ҳалли низоъи Сурия аз дидгоҳи Бан Ки Мун

Раҳбари дастгоҳи президенти Русия гуфт, ин иҷлосия пушти дарҳои баста гузашт ва сухан дар бораи истиқрори нирӯҳои Русия дар Сурия меравад. Ба қавли ӯ, қаблан раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости расондани ёриҳои низомӣ муроҷиат карда буд.

Зимнан, палатаи болоии парлумони Русия ба Владимир Путин пас аз дархосташ ҳаққи истифодаи нирӯҳои низомӣ дар Сурияро дод.

Иванов қайд кард, ки сухан дар бораи истифодаи нирӯҳои ҳавоӣ дар мубориза бар зидди "Давлати исломӣ" меравад.

 

Лентаи хабарҳо
0